Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Қадрдонии энергетикон

Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ “Рӯзи энергетикон” таҷлил карда шуд, ки дар он муовини раиси ноҳия Суҳроб Раҳматзода, кормандони Шабкаҳои барқи ноҳия, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолон ширкат намуданд.

Муовини якуми раиси ноҳия С.Раҳматзода табрикоти раиси ноҳияро бахшида ба “Рӯзи энергетикон” расонида, дар тадбиқи равандҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ ва иҷрои нақшаҳои пешбинигардида, маслиҳатҳои судманд дода, барояшон рӯзгори ободу осуда ва меҳнати пурсамарро баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз таманно намуданд. Гуфта шуд, ки рушди соҳаи энергетика ба тараққиёти мунтаззами иқтисодии Тоҷикистон, хусусан, дар самти тадбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар нақши калидӣ дорад. Дар ҷараёни суханрониҳо, роҳбари Шабакаҳои барқи ноҳияи Айнӣ Б.Ёров, муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ А.Муродов суханронӣ намуда, атрофи дастовард ва иқдомҳои неки энергетикон ибрози назар карданд.

Дар интиҳо якчанд кормандони фаъоли Шабакаҳои барқи ноҳия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии МИҲД-и ноҳия ва КИ ҲҲХДТ дар ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *