Рубрики
Асосӣ

АКСИЯИ ВИЛОЯТИИ АВТО – МАРАФОН ТАҲТИ УНВОНИ “ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН – ИФТИХОРИ МО!”

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 ноябри соли 2021 аксияи вилоятии авто – марафон таҳти унвони “Парчами Тоҷикистон – ифтихори мо!”аз майдони муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихию фарҳангии Истиқлол” – и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар аксияи вилоятии авто – марафон таҳти унвони “Парчами Тоҷикистон – ифтихори мо!” 4000 нафар ҷавонон, занон, собиқадорон, фаъолони ҳизбиву давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ бо парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар расми оғози чорабинӣ дар пояи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон кулли иштирокчиёни аксияро ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ табрику муборакбод намуда, қайд намуд, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омад, яке аз муҳимтарин руйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад. Имрӯз мо аз он ифтихор дорем, ки санаи 24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри овозадори Арбоб баргузор гардида, ба халқу миллати тоҷик сарвару роҳбари дурандеш, бунёдкору созанда ва раҳнаморо ҳадя намуд. Аҳамияти ин Иҷлосия пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки пеши роҳи хатари нобудии халқу миллатро гирифт, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохт, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро барқарор намуд, раванди ислоҳоти конститутсиониро оғоз кард, ба ваҳдати воқеии миллӣ замина гузошт ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла Парчами давлатиро ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ тасдиқ намуд.

Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Турсунзода Дилоромхон паёми табрикотии Раиси ноҳияро ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд.

Сипас 200 адад нақлиёти такси MAKСИМ аз майдони муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Б.Ғафуров бо парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ду адад нақлиёти болокушод бо карнаю доира ба самти Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихию фарҳангии Истиқлол” – и шаҳри Хуҷанд ҳаракат намуданд.

Қисмати ҷамъбастии авто-марафон бо садо додани Суруди миллӣ дар “Маҷмааи таърихию фарҳангии Истиқлол” – и шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни суханронӣ иброз намуд: “Соли дувоздаҳум аст, ки дар кишвари офтобии мо дар қатори дигар ҷашнҳои умумимиллӣ – Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад. Воқеан, аз ибтидои ҳастӣ муаррификунандаи давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ Парчами миллӣ буда, барои болафшон будани он дар тӯли таърих миллатҳои рӯйи олам ҷонбозиҳои зиёд намудаанд. Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик Парчами миллӣ – рамзи муқаддас ва нишонаи садоқатро баланд бардошта, аз дурахши ҷилои он ифтихор мекунанд, зеро он дирӯзу имрӯзи моро ба ҳам мепайвандад».

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ номаи муборакбодии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бар самъи ҳозирин расонид.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода низ паёми табрикии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба аҳли иштирокдорон – фаъолон, собиқадорон ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” расонид. Ба ҳамкорони аксия ҶДММ «Иноваитсияи ояндасоз” бо бренди хадамоти фармоиши такси “MAXIM” дар вазъияти тантанавӣ тӯҳфаву сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдим карда шуд.

Дар қисмати фарҳангӣ аз ҷониби ҳофизон сурудҳои саршор аз Ватандӯстӣ сароида шуд.

Ёдовар мешавем, ки барои дар сатҳи баланд баргузор шудани чорбинии мазкур саҳми МИҲД-и шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Бобоҷон Ғафуров, кумиҷроияи шаҳру ноҳияҳои болозикр, ҶДММ «Иноваитсияи ояндасоз” бо бренди хадамоти фармоиши такси “MAXIM, корхонаи давлатии комуналии “Наклиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” ва Кумитаҳои иҷроияи ибтидоии Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Сомон ва Инқилоб саҳм гузоштанд.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *