Аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон намояндаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” Ғоибов С.Ф ва мудири бахши занон ва ҷавонони кумитаи иҷроия Примқулова З.М. дар якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия аксия таҳти унвони “Ба Ватан Содиқам” баргузор намуданд.
Зимни баргузории аксия масъулин оиди хизмат ба Ватан ҳам қарзу ҳам фарз будан, дарки садоқат ба Ватан, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар суҳбатҳо гузаронида, ҷавононро бо фарорасии Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.