Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: АМАЛИЁТИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ- ИФТИХОРИ МАН” ИДОМА ДОРАД

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён Илёс Исмоилов бо бастаи шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент омад. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур аз беҳтарин ниҳодҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Панҷакент маҳсуб шуда, фаъолияти шоистаи он дар тарғиби ҳадафҳои барномавии ҳизб, сафарбар намудани ҳизбиён ба корҳои шоиста, роҳандозии кори дохилиҳизбӣ ва ҷиҳозонидани утоқи ҳизбӣ мавриди омӯзиши дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ қарор дода шудааст. Фаъолияти он аз ҷониби ҳайати Кумиҷроияи вилоятии ҳизб ҳангоми боздид аз Панҷакент баҳои баланд гирифт. Тавре мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроия Шерзод Раҳматов мегӯяд, санҷишу муқоисаи шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва варақаҳои ҳизбӣ дар доираи аксияи “Шаҳодатномаи ҳизбӣ- ифтихори ман” собит намуд, ки дар ташкилоти ибтидоӣ ҳамаи 75 нафар аъзоёни ҳизб зери назар қарор доранд ва дар асноди ҳизбии онҳо тибқи дастурамалҳои корӣ сари вақт тағйиротҳо ворид карда шудаанд. Ҳамин тавр дар Кумитаи иҷроия бо ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар доираи ин аксия кор бурда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *