Дар асоси қарори маҷлиси раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ “ Оид ба гузаронидани амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ- ифтихори ман” дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ”, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент маҷмӯи чорабиниҳоро роҳандозӣ мекунад.
Ҷиҳати ба ҳисобгирии воқеии аъзоёни ҳизб дар Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, муқоисакунии варақаҳои бақайдгирии аъзоён ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, тартиби нигоҳдории он нақшаи тақвимӣ таҳия шуда, ҳамарӯза дар ин самт бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ кор бурда мешавад.
Тавре мудири шӯъбаи омори Кумитаи иҷроия Мастона Муродзода мегӯяд, ба ин амалиёт ҳамаи кормандони масъули Кумитаи иҷроия сафарбар шуда, ба ин васила ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирии аъзоёни ҳизб, мувофиқати сабти варақаҳои баҳисобгирӣ бо рӯйхати аъзоён, супоридани ҳисоботи оморӣ ва молиявӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ санҷида, барои роҳандозии дурусти он тибқи оиннома ва низомномаҳо тавсия ва маслиҳатҳо дода мешавад.