Сад афсӯс, ки имрӯз иғвоангезону шӯрандозон муҳити орому сулҳу суботи диёри азизамонро вайрон намуда истодаанд. Онҳо дар байни авҳом бо дурӯғу тӯҳматҳои хом шӯриш барангехтан мехоҳанд. Шӯрише, ки онҳоро ба ҷову манзалат расонад. Лек фикри хом хӯрданд. Мардуми азияткашидаи тоҷикро ҷанги шаҳрвандии солҳои 1991-1992 басанда аст.
Рӯзҳои охир ҳам дар нооромии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муҳиддин Кабириву муовинаш Алим Шерзамонов саҳмгузору барангезандаанд.Аммо онҳоро мо наметавонем сардор гӯем, зеро онҳо худ лӯхтаки дасти хоҷагонашон ҳастанд.
Вақти он аст, ки мардуми Бадахшон чашми худ кушоянд, ба иғвои бадхоҳону душманони давлат бовар накунанд.Ҷони худу зодгоҳи худро дар хатар нагузоранд.
Ай мардуми Бадахшон, аз хоби гарон хез,
Ай ҳамхуну ҳамзабон, аз хоби гарон хез.
Аз хоби гарон хез, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!
Аъзоёни фаъоли КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон