Рубрики
Uncategorized

Андеша:Зи ҳар қадамаш гул бирезад Пешвои моро!

      

  Баъд аз барқарор намудани сулҳу субот ва таъмини амнияти мардум  дар кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳукумату давлатро ба ободиву созандагии диёрамон нигаронидаанд. Дар партави ин сиёсат давоми 30-соли Истиқлол дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон корҳои бунёдкорӣ босуръат идома ёфта, ҳар сол ҳазорон биноҳои муассисаву ташкилотҳо, марказҳои хизматрасонӣ, корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои сокинон ба истифода дода шудаанд.

  Хушбахтона, имрӯз  дар Тоҷикистон  шаҳру ноҳияе нест, ки ба он қадами мубораки Пешвои муаззами миллат нарасида бошад. Ба ҳар ҷое, ки мақдами хуҷастаи Пешвои миллат бирасад, аз он ҷо гулу райҳон бирӯяд, яъне ободу зебо гардида,  зиндагии мардум боз ҳам ба пеш меравад. Ба вилояти Суғд низ ҳар сол чандин маротиба ташрифи Ҷаноби олӣ пазироӣ мешавад ва ҳар як сафари корияшон дар таърихи Суғдзамин бо ҳуруфи заррин сабт мешавад. Санаҳои 7-8-уми октябри соли ҷорӣ низ барои мардуми вилояти Суғд айёми фаромӯшнопазир ва басо дилангез буд. Дили кӯдакону наврасон, ҷавонону калонсолонро нишоту фараҳи беандоза фарогир шуда буд.  Бо иштироки  Пешвои муаззами миллат ифтитоҳи толори пазироии меҳмонони олимақом дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва маҷмааи “Дуои модар” дар назди Фурудгоҳ, ба истифода дода шудани корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои саломатӣ ва муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят армуғони сазоворест ба 30-юмин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  Барои мардуми вилояти Суғд  таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолият бо Пешвои миллат лаҳзаҳои бошукуҳтарине буд, ки шояд мислашро таърих надидаааст. Дар дили  кулли иштирокдорони ин тантана ифтихори ватандорӣ лабрез гардида, барои ба ин рӯзҳо расидан ба Пешвои миллат бори дигар аҳсан мехонданд: Зиҳӣ  Пешвои муаззаме, ки моро хушбахттарин миллати ҷаҳон гардонид!

                                                                 Гулбаҳор Султонова-мудири шӯъбаи иттилоот ва таблиғот

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *