Рубрики
Uncategorized

АНДЕША: Андешаҳои Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмонро нисбат ба авзои Афғонистон ҷонибдорӣ менамоем

Дар он сӯйи Ому чӣ мегузарад? Мардуми Афғонистон чаро имрӯз бидуни чатри наҷот монданд?

Оё дасти афғонистониеро, ки аз зулми террористони толиб ба дод омадааст, касе гирифт?

Чаро ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қатли оми қавмӣ дар Панҷшер чизе намегӯяд?  Хомӯш будани созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, абарқудратҳо дар баробари қазияи кунунии Афғонистон аз чӣ дарак медиҳад?

Оё дигар башардӯстӣ,  инсондӯстӣ рамзи ваҳдати инсоният нест?

Маълум аст, ки мардуми Афғонистон фиреб хӯрданд ва фирефтаи ваъдаҳои осмониву бардурӯғи толибони ғосиб гардиданд, аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ, абарқудратҳо набояд дар ин тасмимгириҳо оммаро танҳо мегузоштанд. Вале он чӣ интизор мерафт рӯх дод. Толибон бо ваъдаҳои бардурӯғ ва шиорҳои фиребанда вориди Кобул шуданду боз истисмори мардумро идома доданд, қавмгароӣ намуданд, қатли мардуми бегуноҳро ба роҳ андохтанд, ки ин дигар як сарнавишти талх ва ваҳшат аст.

Ҳоло толибон* дигар мардуми бегуноҳи Панҷшерро ба қатл мерасонанд, бо дасти кишвари сеюм аз сарнишинҳо мардуми бегуноҳро зери борони тир қарор медиҳанд, ки ин ҷаҳолат ва наслкушӣ нобахшиданисту мо ҳамзабононро бетараф гузошта наметавонад.

Албатта, мо солҳост, ки аз вазъияти Афғонистон огаҳӣ дорем ва хуб медонем, ки дар ин ҳолати бавуҷудомада мардуми сарзамини Афғонистон гуноҳе надоранд ва онон ҳақи баробар дар баробари дигар сокинони сайёраро доранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бар сари он бошанд, ки оқибати ин хомӯшӣ нисбати тақдири мардуми бегуноҳи Афғонистон хатари бузург барои насли башар мебошад.

Аз аввалин нафароне, ки аз шахсиятҳои сиёсии ҷаҳон ҳамчун сиёсатмадор ва шахсияти ҷаҳонӣ нисбати қазияи Афғонистон огоҳона садо баланд намуданд, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ва аз аввалин нафароне буданд, ки ба таври равшану возеҳ шартҳои хешро гузоштанд, ки ихтисоршудаи матни зерро ин ҷо меоварам: «Баъдан, сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад. Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афғонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард».

Воқеан ҳам ба инобат нагирифтани ҳуқуқҳои ақалиятҳои миллӣ дар шароити кунунӣ таҳқири сокинони Афғонистон мебошад. Ҳоло Афғонистон ҳолати вазнинтаринро таҷриба мекунанд, ки дар вазъият мо тоҷиконро бетараф гузошта наметавонад.

Пешвои муаззами миллат ягона сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ аз он ҳолате, ки имрӯз дар Афғонистон ба вуҷуд омадааст нигаронӣ баён намуда буданд ва борҳо барои ҳалли мушкилоти мардуми Афғонистон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ садо баланд намуда буданд. Аммо чаро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ хомӯш аст, ҳамагонро нигарон намудааст. Созмонҳои байналмилалӣ амсоли СММ, Ҳилоли Аҳмар ва дигар созмонҳои бонуфуз бояд нисбати қазияи Афғонистон ва Панҷшер бетараф набошанд. Имрӯзҳо, мардуми Панҷшер дар муҳосира ҳастанд ва ин моро аз чанд ҷиҳат нигарон месозад, ҳуқуқи занон, ҳуқуқи кӯдакон поймол мешавад аз ҷониби террористони Толибон*, вале ҳама ҷаҳониён хомӯш ҳастанд, ки ин амал барои ҷаҳониён, дар таърих ҳамчун сафҳаи нанг ва суқути ақлҳо дар баробари ҳуқуқи башар сабт хоҳад шуд. Фикр намекунам, ки созмонҳои ҷаҳонӣ, абарқудратҳо, ки имрӯз дар баробари ҷинояти Толибон* хомӯширо ихтиёр кардаанд, ҳатман фардо аз пушаймонӣ хоҳанд гуфт.

Вобаста ба вазъияти мушкили пешомада дар Афғонистон Сарвари хирадмандамон дар суханронии худ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арз намуданд, ки “… бори дигар хотирнишон месозам, ки барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор мардуми Афғонистон бо таъриху тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи худ гуноҳ надоранд.

Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвари бостонӣ омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад”.

Дар ҳақиқат, ин ҷо мардуми ҷангдидаву азияткашидаи Афғонистон гуноҳе надоранд ва ҳар он чӣ ба сарашон омад, бо айби созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои манфиатдор мебошад, ки кунун дар он ҷо ҳуқуқи инсон нақз мешавад, ҳуқуқи занон поймол мешавад, атфол аз ҳама ёриҳои иҷтимоӣ дур мондаанд, ки ин нақзи тамоми қонунҳои байналмилалист, аммо чаро вобаста ба ин ягон созмони байналмиллалӣ садо баланд намекунад? Оё ин ҳолат фоҷиа нест?

Дар зимн бояд ишора намоем, нисбати бетафовутӣ ва оқибатӣ он, Сарвари хирадманду башардӯстамон чунин андеша намудаанд: “…, ки бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта, фалокати башарӣ, ҳамчун маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мегардад.”

Агар мо имрӯз нисбати қазияи Афғонистон, ҳолати баамаломада дар он ҷо, бетарафӣ зоҳир намоем ва ба террористону ифротиҳо имконият диҳем, ки ҳуқуқи мардумони ҳамсоякишварамон Афғонистонро поймол кунанд ва ифротиятро бар болои ҷомеа таҳмил намоянд, он вақт на танҳо минтақа, балки ҷаҳониён низ аз ин ҳолат зарару зиён мебинанд, ки дигар чораи пешгирӣ дер мешавад.

Ин ҷо мо, низ ҷонибдорӣ аз суханони Сарвари башардӯстамон намуда, талабгори он ҳастем, ки ба мардуми Афғонистон ҳуқуқи баробар ба  ҳаёт ва ба умури давлатдорӣ дода шавад, ки ин мардум тавонанд бо орои дастаҷамъӣ ваҳдатро бунёд намоянду осудаҳолона зиндагӣ намоянд.

Шарти асосии сулҳу салоҳ дар Афғонистон барои имрӯз, ба ҳама қавму қабилаҳо ва қишрҳои солими ҷомеа додани ҳуқуқи баробар дар корҳои давлатдорӣ ва ҳукуматсозӣ мебошад. Агар чунин баробарӣ сурат гирад, шояд ин мардум худашон барои ваҳдату сулҳ талош намоянд.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,

н.и.и., профессори ДКМТ

Муҳаммад САИДОВ,сардори шуъбаи иттилооти ДКМТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *