Рубрики
Асосӣ

(Андеша бобати филми “Шикасти фитна”)

Пушаймонӣ суд надорад

     Баъди тамошои филми “Шикасти фитна” , ки саршор аз андешаҳои пучу хом ва изҳори пушаймонии чанд тан аз душманон ва хоинони миллат руйи кор омадааст , ба хулосае, омадан мумкин аст, ки пушаймонии ин афроди пастфитрат суде надорад. Баъди баромади Улфатхоним Маҳмадшоева дигарбора исбот ва маълум гардид, ки ба ин афрод аз ҳисоби хоҷагони хориҷиашон маблағгузорӣ гардидаву маблағҳои муайян барои омода намудани заминаи бетартибиҳо ҷудо гардида буд. Сабабгори ин бесарусомонӣ ва нобасомониҳо ҳамон кутоҳандешоне буданд, ки мехостанд, зи паси хеш афкори чанд тан афроди солимфикри ҷомеаро халалдор созанд.

    Сабабгори асосӣ Улфатхоним Маҳмадшоева , ки рисолати Зан-модар будани хешро фаромуш кардаву имруз душмани миллат гардидааст ва барои номи зан-модар иснод овардаву ҳатто забон лол аст, аз он, ки уро Модар номид. Лаънат ба он зане, ки душмани миллат гардида,оромӣ, субот, ваҳдату истиқлоли ин меҳани аҷдодии моро нодида мегирад. Ҳайфи он нафаре, ки оилаи худ ва атрофиёнашро ба бесарусомониҳо даъват бинмудаву олудаи амалҳои нопок сохтааст. Бе ибо назди экранҳои мо аз ҳадафҳову амалҳои нопокаш як-як ҳарф мезанад. Имруз ин афрод паси панҷара ангушти надомат ва пушаймонӣ мегазад. Аммо пушаймонӣ суде надорад.

Умед бар он мебандам, ки Улфатхонум Маҳмадшоева охирон зане бошад, ки ба амалҳои нопоку хатарзо даст задаву фикру андешаи сиёҳ дар сар дорад.

    Мо –занону бонувон амалҳои нангини ӯро зери тозиёнаи танқид мегирему рафтори ношоямашро маҳкум мекунем!

Муаззама Тураева –

Раиси Шурои собиқадорони кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *