Вазъи ноороми ҷаҳон, фаъолшавии ҳаракатҳои террористӣ дар Афғонистон, нофаҳмиҳо дар марз бо Қирғизистон аз ҳар як сокини кишвар тақозо менамояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Сарвари давлат низ ин нуқтаро борҳо таъкид мекунанд. Зеро душманони миллати тоҷик то ҳанӯз аз ҳадафҳои нопоки хеш даст накашидаанду ҳар як лаҳзаи барояшон қулайро ба манфиати худ истифодамебаранд. Ин буд, ки онҳо ба боварии гуруҳе аз ҷавонони Бадахшон роҳ ёфта, ҳодисаҳои нанговари рузҳои 16-18 уми майро дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон ба миён оварданд, чанде аз ҷавонони гумроҳ эътирози ғайриқонунӣ пеш оварда, вазъи минтақаро ноором сохтанд.
Гурӯҳи муташаккили дусаднафараи мусаллаҳ дар ноҳияи Рӯшонсе нуқтаи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғро баста, ҳаракти воситаҳои нақлиётро халалдор сохта, ба автомашинаи хизматчиёни ҳарбӣ ҳамла намуданд.
Ба касе пӯшида нест, ки ин ҳаракатҳои ҷинояткорона аз хориҷи кишвар роҳбарӣ ва бо силоҳу аслиҳа таъмин шудааст. Бо мақсади бартараф сохтани ҳолати ба миён омада, амалиёти зиддитеррористӣ анҷом дода шуда, саркардагону ҷонибдорони гуруҳ дастгир ва яроқҳои зиёд мусодира гардидааст.
Ҳатто пешвои исмоилчиёни ҷаҳон шоҳзода Карим Оғохони чаҳор аз нооромиҳо дар ВМКБ изҳори нигаронӣ намуда, аз пайравонаш- мардуми Бадахшон хостааст, ки “вориди хушунат нашаван, бо ҳамватанон дар сулҳу осоиштагӣ умр ба сар баранд.”
Таассуфовар аст, ки чанде аз ҷавонони минтақаи Бадахшон ба ҳидоятҳои ғаразноки душманони миллати тоҷик бовар карданд, вазъиятро ноором сохтанд ва чанд тан қурбони ин бетартибиҳо гардиданд.
Ҷавонон бояд хуб дарк кунанд, ки тундравию худхоҳӣ, бо зӯри силоҳ ғасб кардани ҳокимият, нодида гирифтани иродаи халқ ва поймол кардани қонун оқибатҳои фоҷиабор дорад. Аз ин рӯ ҳушёр бошем , дӯстро аз душман фарқ карда тавонем, ба Ватан ва миллати худ хиёнатро раво набинем.
Хуршеда Оқилова- сарҳамшираи беморхонаи маркази узви фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Конибодом