Рубрики
Uncategorized

Андеша: Иқдоми башардӯстонаи Пешвои миллат дар ҷаласаи навбатии СҲШ

   Мусаллам аст, истиқрори сулҳу субот ва амнияти миллии тоҷикон имрӯз намунаи ибрат бар ҷаҳониён аст. Офарандаи ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои муаззами миллат натанҳо ғамхори тоҷикистониён ҳастанд , балки ҳомии тамоми тоҷикони дунё, ҳамчунон ҳамзабонони моянд. Аҳволи номусоиду муташанниҷи Афғонистонро тамоми дунё мушоҳида намуда истодаанд, аммо бархе аз онҳо бетараф ва баъзеашон бармало  ҷонибдори  толибонанд. Аввалин давлате, ки ҳукумати толибонро дар Афғонистон номатлуб шумориду зид баромад, Тоҷикистон аст. Ин беҳуда нест албатта, чунки тоҷикон  ҷабри ҷангу ҷидолро кашидаву қадри сулҳу ваҳдатро хеле хуб медонанд.

  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои тоҷикони дунё ва ҳомии сулҳу ваҳдати миллӣ ба вазъи имрӯзаи Афғонистони ҳамсоя таваҷҷуҳи беш зоҳир менамоянд. Дар ин раванд ташаббус ва пешниҳоди Пешвои миллат дар бораи  таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокини Афғонистон  хеле бамаврид ва муфид хоҳад буд. Дар музокироти Тоҷикистон бо ҷониби Покистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, дар ҳукумати фарогири Афғонистон дар қатори дигар қавму миллатҳо, тоҷикон низ ҷойгоҳи худро бояд дошта бошанд. Ин ҷонибдорӣ бори дигар собит менамояд, ки Президенти Тоҷикистон ба тақдири қавмҳои тоҷики кишварҳои ҳамҷавор бефарқ нестанд, ба тоҷикони афғонистонӣ ва тамоми мардуми мазлуми ин кишвар дасти ёрӣ дароз кардан мехоҳанд. Инчунин Пешвои миллат  кушодани роҳҳои вилояти Панҷшер ва ба онҳо кӯмаки башардӯстона расониданро масъалаи муҳими рӯз ҳисобиданд. Президенти кишвар нақши СММ-ро дар ҳалли ин масоил муҳим шумориданд. Аз ҳама муҳим ва ташаббуси башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат он аст, ки дар музокира бо Покистон ҳар ду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки барои музокираи тоҷикон бо толибон дар шаҳри Душанбе мусоидат намоянд. Ин иқдоми инсондӯстона нисбати  мардуми афғон аз  таҷрибаи босалоҳу  сулҳофарандаи Пешвои миллатамон аст.

            Мо аъзоёни ҳизби халқи демократии Тоҷикистон бо чунин Пешвои инсонгарову башардӯст ифтихор дорем ва ин сиёсати одилонаву оқилонаро дар байни мардум боз ҳам таблиғу ташвиқ намуда Тоҷикистонро ба пеш мебарем.

                                         Мудири шуъбаи иттилоот ва тарғиботи КИ ҲХДТ дар  вилояти  Суғд

 Султонова Гулбаҳор

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *