Рубрики
Uncategorized

Андеша: Тоҷикистон – мехоҳам ҳар гӯшаат тинҷу обод бошад!

      Андеша: Мо дар замоне кору фаъолият дорем, ки дорои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ҳастем. Шукронаи тинҷу осоиштагӣ, аз ҳама волотар аст. Имрӯзҳо вазъияти вилояти Бадахшонро дидаву шунида кас ба он ҷинояткорон ангушти ҳайрат мегазад, ки шукри сулҳу субот надоранд. Мардуми вилояти Бадахшон бояд ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ хотима диҳанд. Ба иғвои душманони Ватан, суханони бардуруғи хоҷагони хориҷӣ, шахсони ватанфурӯшу хоин  дода нашаванд. Гуруҳи ҷинояткорон  пешравии Тоҷикистонро чашми дидан надоранд, мехоҳанд фазои ороми кишварро ноором созанд. Вайрон шудани сохтори бонизоми кишвар боиси ба саҳнаи сиёсӣ ворид шудани  ҳаракатҳои тундрав мегардад, ки ҷавононро гумроҳ менамояд.

Хатару таҳдидҳо моро водор месозад, ки зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бар зидди созмонҳои ифротӣ муборизаро пурзӯр намоем.

Тоҷикон тамоми мушкилиҳои солҳои ҷанги шаҳрвандиро паси сар карда, имрӯз тӯли 30-соли Истиқлол  бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои зиёд ба пешравиҳо ноил гардид, зери по нагузорем. Барои рушду нумӯ, сулҳу субот ва тинҷиву ободии Тоҷикистон саҳмгузор бошем. Ҷавонони зодаи Истиқлолият аз фарзанди фар­зонаи Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои Ватан содиқона хизмати арзанда гузоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *