(Мушкилот ва дурнамои сиёсати дохилӣ ва берунаи Афғонистон)
Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки сарҳади ҷанубии амнияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ҳамеша зери санҷиши гурўҳҳои экстремистию террористӣ ва қочоқбарони гуногун, аз ҷумла маводи мухаддир ва силоҳ қарор мегирад.
Дар назди сарҳад гурўҳҳои гуногуни мутааллиқ ба ҳаракати «Толибон», ДИИШ ва дигар гурўҳҳои радикалӣ, ки дар сафи онҳо шаҳрвандони ИДМ низ меҷанганд, такрор ба такрор пайдо мешаванд.
Эмомалӣ РАҲМОН
ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ АФҒОНИСТОН
Ҷумҳурии исломии Афғонистон (ҶИА) – давлатест, ки дар қитъаи Осиё, қисми ҷанубу ғарбии Осиёи Марказӣ ҷой гирифтааст.
Дар самти шимол бо Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Туркманистон дар ғарб бо Эрон, дар ҷануб бо Покистон ва Ҳиндустон, дар шимолу шарқ бо Хитой ҳамсарҳад мебошад. Пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул мебошад. Афғонистон 34 вилоят, 354 вулусволӣ ва 31440 деҳа дорад. Забонҳои давлатӣ – дарӣ ва пашту аст.
ТАРКИБИ МИЛЛИИ АФҒОНИСТОН
Дар ҶИА бештар аз 30 забон аст, ки ба гурўҳҳои гуногун тақсим мешаванд. Забони дарӣ (забони тоҷикон) (дар минтақаҳои шимол, ғарб ва марказ ва умуман дар тамоми кишвар), пашту (дар ҷануб ва ҷанубу ғарбӣ); балуҷӣ (дар ҷануб) – Ҳилманд, инчунин ҳиндӣ, узбекӣ, туркманӣ, сомӣ, дравидӣ, муғулӣ, арабӣ, қирғизӣ; забонҳои помирӣ –шуғнонӣ, язгуломӣ, вахонӣ, санглечӣ, зебокӣ ва ғайра ҳарф мезананд.
Тибқи шумориши аҳолии Афғонистон, ки дар соли 1396 (2017) сурат гирифтааст, дар он тоҷикон наздик ба ду баробар аз паштуҳо бештар буда, аксариятро ташкил медиҳанд.
Шумори тоҷикон дар Афғонистон баробари ҷамъи шумори се қавми бузурги дигари ин кишвар-паштуҳо, ҳазораҳо ва ўзбекҳо аст.
Бинобар такя ба ин омор дар 17 вилоят: Бодғис, Бадахшон, Бағлон, Балх, Парвон, Тахор, Панҷшер, Сарипул, Самангон, Ғўр, Фароҳ, Қундуз, Майдонвардак, Кобул, Кописо, Луғар, Ҳирот нуфузи тоҷикон бештар мебошад.
Паштуҳо дар 12 вилоят: Пактиё, Пактико, Хест, Зобул, Ғазнӣ, Кандаҳор, Нимрўз, Нангарҳор, Нуристон, Ҳилманд, Кунар, Лағмон аксариятро ташкил медиҳанд.
Ҳазораҳо дар Бомиён ва Дойкундӣ нуфузашон бештар аст.
Тоҷикон асосан дар вилоятҳои Кобул (бештар аз 4 миллион), Бадахшон (бештар аз 1 миллион), Ҳирот (наздик ба 1 миллион), Ғўр ва Балх (бештар аз 600 ҳазор), Сарипул (бештар аз ним миллион) зиндагӣ мекунанд.
Миллатҳои Ҷумҳурии исломии Афғонистон
Дар маҷмўъ, тоҷикон 45,6 %, паштуҳо 26,4%, ҳазораҳо 13,1%, узбекҳо 7,1%, туркманҳо 2,2% ва дигар миллатҳо 5,5 % — и аҳолии ҶИА-ро ташкил медиҳанд.
ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБҲОИ СИЁСИИ ҶИА
Дар Афғонистон якчанд ҳизбу ҳаракатҳо вуҷуд доранд, ки меҳвари асосии сиёсати давлатии Афғонистонро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, Ҳаракати миллӣ дар Афғонистон, Ҳаракати ваҳдати миллии Афғонистон, Ҳизби халқии исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократии Паштоон, Ҳизби халқии Афғонистон, Ҳизби демократии Афғонистон (ҳизби ҳоким), Ҳизби парастории афғон, Ассотсиатсияи исломии Афғонистон, Ҳизби миллии Конгресси Афғонистон.
Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон (ҲХДА) соли 1965 аз тарафи намояндагони зиёии кишвар бо сардории Муҳаммад Зоҳиршоҳ таъсис ёфт ва дар муддати кўтоҳ ба ду ҷилоҳи алоҳида – «Халқ» ва «Парчам» тақсим шуд. Соли 1973 бар асари табаддулоти мусаллаҳона сохтори давлатдории монархия барҳам дода шуда, ба ҷои он сохтори мардумии республика (аз лотинӣ рес-кор, публика-халқ) рўи кор омад.
Соли 1992 ҲХДА ҳам аз байн рафт. Аз ин ба баъд ҳазорон аъзои ҲХДА мамлакат¬ро тарк намуданд ва моҳи апрели 1992 Ҳукумати интиқолии муҷоҳидини мамлакат номи Давлати исломии Афғонистонро гирифт. Ҳукумати интиқолии муҷоҳидин, ки дар Пешовар ташкил шуда буд, ҳокимиятро ба даст гирифт, вале ҷанги шаҳрвандӣ ҳамоно давом мекард. Миёнаи солҳои 90-ум ҳамчун мухолифи ашаддии ҳукумати мавҷуда, ташкилоти бунёдгароии мусулмонӣ – «Толибон» арзи вуҷуд кард.
Бо ишғоли Кобул толибон Наҷибуллоҳ, сарвари давлатро, ки дар бинои СММ паноҳ ёфта буд, ваҳшиёна ба қатл расонданд. Баъди ин ҳодиса Афғонистон ба як давлати ҷангзада мубаддал гашт. Соли 2001 фармондеҳи аршади низомӣ, вазири дифои Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ба рамзи қаҳрамонӣ ва шуҷоату ватандўстӣ табдил гардида, ба муттаҳид намудани неруҳои муқовимат камар баста буд, аз тарафи ду террористи араб, ки ба ҳайси хабарнигор ба Афғонистон омада буданд, ба шаҳодат расид. 11 сентябри 2001 дар ИМА Маркази бузурги тиҷорати Манхеттен тарконда шуд ва бо истифода аз ин ҳодиса ИМА ва муттаҳидинаш онҳо муқобили гурўҳҳои террористии «Ал-қоида» ва «Толибон» амалиёти шаддиди ҳарбӣ шурўъ кард. Аз он рўз то ба кунун Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар Афғонистон ҳузур пайдо карда, вале ҷанг дар ин кишвар хотима наёфтааст ва ҳаракати «Толибон» ҳамчунон ба зидди давлати қонунӣ ҳанўз меҷангад. Дар ин миён аҳолии зиёди осоишта қурбони ҷанг шуданд.
ТОЛИБОНИ ИФРОТГАРО
«Толибон» як гурўҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, соли 1996 шаҳри Кобул ва аксари қаламрави кишварро зери тасарруфи худ даровард. Режими «Толибон», дар манотиқи таҳти назораташ хавфдошта меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда, охири соли 2001 аз сўи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико пароканда шуд. Дар ин миён чандин афсарону сарбозони ИМА ва артиши ҳукуматии ҶИА ҷони худро аз даст доданд. Аммо ин ҷунбиши террористӣ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи неруҳои ҷангии эътилоф дар ду соли қабл ба пешрафтҳое ноил шуд, имрўз манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро зери тасарруф доранд.
ДАБИРИ КУЛЛИ СААД ДАР БОРАИ ХАТАРИ АФЗОИШИ ГУРЕЗАҲО АЗ АФҒОНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ГУФТ
Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бори дигар аз вазъи мушкил дар марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори нигаронӣ кард
Станислав Зас, дабири кулли СААД дар бораи хатари эҳтимолии вуруди густардаи гурезагон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт.
Ҳамчунин дар паёми паҳнкардаи ин созмон, Станислав Зас аз хатари вуруди созмонҳои байналмилалии террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
“Пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва шариконаш аз Афғонистон, вазъ дар ин кишвар ба таври назаррас бад шуд. Ин кишвар бо ҳам бештар ба бетартибиҳо рӯ ба рӯ мешавад. Эҳтимоли хатари вуруди густардаи паноҳандагон ба қаламрави Тоҷикистони ҳамсоя ва воридшавии ашхоси вобаста ба созмонҳои террористӣ вуҷуд дорад”, – гуфт дабири кулли СААД ҳангоми сафари худ ба Арманистон.
Станислав Зас ҳамчунин гуфт, ки СААД вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро бодиққат назорат дорад.
Ёдрас мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гурезагон урдугоҳҳои махсус сохта мешаванд. Дар ояндаи наздик дар Кушониен ва Хоруғ ду анбор кушода мешавад, ки дар онҳо хаймаҳо, бистарҳо, маҳсулоти гигиенӣ ва ғизо захира карда мешаванд.
ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ АЗ БАДШАВИИ БОСУРЪАТИ ВАЗЪ ДАР АФҒОНИСТОН ИЗҲОРИ НИГАРОНӢ КАРДАНД
Дар ҷаласа Вазиирон масъалаҳои таҳкими сулҳ, субот ва амниятро низ баррасӣ карданд. Бо изҳори нигаронӣ аз бадшавии босуръат вазъ дар Афғонистон, зарурати пешгирии ташаннуҷи вазъ дар фазои СҲШ-ро тазаккур дода, афзоиши назарраси фаъолияти ташкилоти террористиро дар минтақа пас аз хуруҷи неруҳои СПАШ ва кишварҳои дигар аз Афғонистон таъкид намуданд.
Вазирони мудофиа бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни давлатҳои аъзои СҲШ, пойдории сулҳ, амният ва субот дар минтақа доир ба таҳкими ҳамкории амалии СҲШ ва ташкилотҳои шарики минтақавӣ табодуули афкор намудаанд.
Роҳбарони ҳайатҳо ҳамчунин Нақшаи ҳамкории вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзои СҲШ-ро барои солҳои 2022–2023 тасдиқ карданд.
Дар ҷаласа инчунин ба ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла фестивали оркестрҳои ҳарбӣ, ки 18-23 октябри соли равон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба нақша гирифта шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ ҳамкориро бо мақсади таъмини суботи минтақавӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори боэътимоди СҲШ густариш диҳанд.
Қарор қабул карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СҲШ соли 2022 дар Ҷумҳурии Узбекистон гузаронида шавад.
ИСЛОМҲАРОСӢ ДАР ҶАҲОН АВҶ МЕГИРАД?
Тибқи таҳқиқот дар ҷаҳон бештари давлатҳо мубталои «исломҳароси» шудаанд. Он шахсоне, ки бо либоси арабӣ, ҳиҷоб ва риш дар кишварҳои ғайиримусулмонӣ гашту гузор мекунанд, миллатҳои ғайримусалмон ба онҳо эътимоду бовар надоранд.
Маврид ба зикр аст, ки бештари террористон ва шахсони хавфнок дар ҳолати террор кардан калимаи «Аллоҳу акбар» -ро истифода мебаранд. Вақте ки мо аз тариқи шабакаҳои телевизонӣ ва дигар шабакаҳо рўйдодҳои мусаллаҳонаи Афғонистонро тамошо мекунем, мебинем, ки аз ин тараф ва аз он тараф гуфтори «Аллоҳу акбар» -ро истифода мебаранд. Шахси бинанда ба фикр меафтад, ки ин чӣ гуна мусулмонӣ аст? Давлати Афғонистон давлати исломӣ буда, дар доираи шаръи шариф амал менамоянд, ҳамаи мардум мусулмонанд, пас суоле ба миён меояд, ки толибон ва ДИИШ бар зидди кӣ меҷангида бошанд?
ДАР РЎИ ДУНЁ ПАНҶ ҲАЗОР ДИН АСТ
Илми имрўза собит намудааст, ки дар дунё панҷ ҳазор дин ва боварҳо вуҷуд дошта ва одамон ба онҳо эътиқод доранд. Динҳое мавҷуданд, ки нисбат ба динҳои хурд мавқеъ ва нуфузи зиёд доранд, аз ҷумла ислом, масеҳӣ, буддоӣ, яҳудӣ, синтоӣ, динҳои анъанавии Африқо, шинтоизм, шаманизм ва ғайра.
Кантслери Олмон Ангела Меркел дар як суханронии худ зикр карда буд, ки дар дунё панҷ ҳазор дин арзи ҳастӣ дорад ва ду миллиард аҳолии рўи замин дини исломро қабул карда, тибқи шариати он амал мекунад. Аммо мушоҳидаҳои ахир нишон медиҳад, ки бисёри онҳо дар вақти ҷанг байни мусулмон ба мусулмон калимаи «Аллоҳу акбар» -ро истифода мебаранд. Яъне аз ин тараф мусулмон ва аз он тараф низ мусулмон, дин як, маҳзаб як ва Худо низ якто, онҳо бо кӣ ҷанг мекарда бошанд? Ў инчунин зикр кардааст, ки дар давлатҳои Хитой ва Ҳиндустон зиёда аз ду ҳазор дин арзи ҳастӣ дорад, вале байнашон ягон ҷангу хунрезӣ нест, чаро?
ОЁ ТОЛИБОН ВА ДИИШ БА ҚОНУНҲОИ АМАЛКУНАНДАИ АФҒОНИСТОН МУХОЛИФАТ МЕКУНАНД Ё НА?
Тавре маълум аст дар давлати ҳамсояи мо қариб 40 сол аст, ки ҷанг байни ифротиён-террористҳо ва давлати исломӣ рафта истодааст. Аммо сабаб чист, ки то ба имрўз дар ин давлат оташи ҷанг хомўш намешавад? Фикр мекунем, ки ҳар яке аз ин гурўҳҳо мазҳаб ё идеологияи исломпарастиро ба мардум бор карданианд ва ин гурўҳҳо дар ин макон реша давонда, мактабҳои махсуси террористии худро кушодаанд. Барои аз байн бурдани чунин гурўҳҳо дар ин давлат вақти хеле зиёд лозим меояд, ки ба мисли мо, тоҷикон, бо таври осуда зиндагонӣ намоянд. Барои осуда ва озодона зиндагӣ кардан пеш аз ҳама роҳбари хуб, дилсўз ва донишманде зарур аст, ки тарҳи мусолиҳаи миллиро дар Афғонистон татбиқ кунад.
Як гурўҳ ҷавонони гумроҳи тоҷик низ бо роҳнамои ТЭТ ҲНИТ мехостаанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ созанд.
Барои пеши роҳи сели андешаҳои ифротиро гирифтан лозим аст, низоми таълим бояд дар муассисаҳои таълимии кишвар бештар рушд ёбад. Бояд дар дохили ҷумҳурӣ таълими асосҳои фанни диншиносӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Ҷавонон бояд дар бораи ҳама динҳо иттилои муфассал дошта бошанд ва дар ин радиф арзишҳои миллию ахлоқии худро фарқ карда тавонанд ва ба мафҳуми неку бад сарфаҳм раванд.
ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ
Ҳомид Карзай дар ду давра интихоботи президентӣ ғолиб омада, сарвари давлат интихоб гардид.
Саввумин интихоботи Афғонистон соли 2014, ки ба даври навбатӣ кашида шуд, мушкилиҳои зиёде дошт. Нахуст ин ки бар асоси иродаи нухбагони қудрат (на иродаи мардум) бидуни ин ки касе дар даври дувум барандаи интихобот эълом шавад, ба ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ пардохта шуд. Албатта дар ибтидо мехостанд Муҳаммад Ашраф Ғанӣ-ро ғолиб эълом кунанд. Аммо пойфишорӣ ва бархўрдҳои ғайри интизори тарафдорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ, аз ҳамсангарони Аҳмадшоҳ Масъуд ва чеҳраҳои таъсиргузори тоҷикон дар Афғонистони имрўз сабаб шуданд, ки баҳси ҷудо кардани орои поку нопок ба миён биёяд.
Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро барандаи интихоботи президентии ин кишвар эълон кард. Аҳмадюсуфи Нуристонӣ, раҳбари ин ниҳод бидуни ифшои натиҷаи овоздиҳии даври дуввум гуфт, натиҷаро дар ихтиёри ҳарду номзад – доктор Абдуллоҳ ва Аҳмадзай гузоштааст. Доктор Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 21 сентябр дар Арк ё Кохи раёсати Ҷумҳурии Афғонистон зери тавофуқномаи ташкили давлати ваҳдати миллӣ имзо гузоштанд. Бар асоси ин санад, ки иборат аз чор саҳифа аст, оқои Аҳмадзай ба унвони раиси ҷумҳур эълон шуда, доктор Абдуллоҳ симмати раёсати Ҳукуматро дар ихтиёр дорад.
СИЁСАТИ ДОКТОР АБДУЛЛОҲ
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ 5 сентябри соли 1960 дар шаҳри Кобул дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Ў донандаи хуби соҳаи тандурустӣ ва сиёсат буда, яке аз ҳаммаслакони Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд аст. Абдуллоҳ ду маротиба дар интихобот иштирок дошт ва бинобар сабабҳои бади вазъияти сиёсӣ ў дастболо нашуд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар фаъолияти кориаш дар чандин вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла солҳои 2001-2006 Вазири корҳои хориҷӣ, аз соли 2014 ин ҷониб ба ҳайси сарвазир фаъолият дорад. Доктор Абдуллоҳ дар гузашта дар қатори фармондеҳони Эътилофи шимол, ки дар саргаҳи он тоҷикони Афғонистон қарор доштанд, борҳо ба Тоҷикистон сафар кардааст. Нахустин сафари расмии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба унвони Раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи “Ҳамоиши байналмилалии об барои ҳаёт”, ки рўзҳои 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, сурат гирифт.
ДАР АФҒОНИСТОН СУЛҲ МЕШАВАД?
Афғонистон ҷашни садсолагии Истиқлолияти худро ҷашн гирифт. Дар ин муддат ҶИА чандин табаддулот, ғасби ҳокимият ва таҷовузи миллиро аз сар гузаронидааст. Истеҳсоли рўзафзуни маводи мухаддир сол то сол миллати афғонро ба нестӣ оварда расонида истодааст. Ин ба давлати мо, ки ҳамсояи наздики Афғонистон аст, хатари ҷиддӣ дорад ва маҳз ба ин хотир сарҳади Тоҷикистон хатти марзи буферӣ ном гирифтааст.
Ин ҷо мо якчанд омили манфии хатарзо дар ин ҳамсоякишварро меорем:
Ø терроризм;
Ø гурўҳи террористии бо номи «Ал-қоида»;
Ø гурўҳи террористии бо номи «Толибон»;
Ø гурўҳи террористии бо номи «Давлати исломӣ», ДИИШ;
Ø кишт ва истеҳсоли маводҳои мухаддир (чарс, бангдона, афъюн, героин, ва ғайра);
Ø ғайриқонуни ба савдо гузоштани маводи мухаддир;
Ø гаравгонгирии хориҷиён, соҳибкорон ва шахсиятҳои бонуфуз;
Ø зархаридии гурўҳҳои террористӣ;
Ø ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба фурўш гузоштани яроқу маводҳои ҷангӣ;
Ø машғул шудани баъзе мардон ба корҳои асримиёнагӣ ва ғайраҳо.
Дар баробари ин, боз ҷиноятҳое ҳастанд, ки аз тарафи давлатдорони имрўзаи ҶИА ба миён омадааст.
Ø заиф шудани сохтори давлатдорӣ;
Ø амн набудан;
Ø дар сатҳи баланд қарор гирифтани коррупсия;
Ø қонуншиканӣ аз тарафи кормандону роҳбарони Ҳукумат;
Ø низоъҳо байни миллату қабилаҳо;
Ø мушкилии маҳзабӣ ва ба монанди инҳо.
Барои ҳалли ин мушкилот давлат ва ҳукумати Афғонистонро зарур аст, ки пеши барои бартараф кардани ин қазияҳо, ки дар ин кишвар ҷой дорад, тадбирҳои судмандеро андешанд.
Ин мушкилоти ҶИА қазияи ҳамсоякишварҳо ҳам мебошад, чунки чиқадар зиёни он ба ҳамсоякишварҳо низ мерасад. Чӣ дар риштаи сиёсат, чӣ дар соҳаи иқтисодиёт.
Агар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҶИА қиёс кунем, кишвари мо дар зарфи 30 соли истиқлолият, сиёсат ва иқтисодиро мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ гузаронида, рў ба рушди уствор овардааст. Яке аз объекти калоне, ки назираш дар ҷаҳон кам аст, – ин иншооти асрро дар 30 соли Истиқлолият бунёд ва итмом расонида истодаем, ки ба иқтисоди Тоҷикистон хеле такони ҷиддӣ медиҳад. Ин нерўгоҳи обии Роғун мебошад. Ин иншооти бузург барои ҳамсоякишварҳои мо низ фоидаи калон дорад, аз ҷумла ҶИА, ки то ба имрўз аз қувваи барқ танқисии ҷиддӣ мекашад. Афғонистон метавонад, қувваи барқро, бо нархи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза аз ҶТ дастрас намояд.
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари мо базму тараб мешуда бошад?
Ашур Сафар
Мисраҳои шоири шинохтаи тоҷик барои мардуми шарифи тоҷикон буд, ки он вақт (1996) ҷангӣ шаҳрвандӣ дар авҷ буд ва дарди дили ин шоирро худованд шуниду ба мо роҳбари оқилу доноро раво дид. Мо низ хоҳонем, ки мардуми афғон ба мисли мо тоҷикон чунин шоиру чунин роҳбари оқил, давлати озоду тинҷ дошта бошанд. Сулҳу ваҳдат пойдор бошад.
Мушкилоти асосӣ ва ҷаҳони Афғонисон ин пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба даст овардани сулҳи саросарӣ ва хотима бахшидан ба ҷанги 40 сола мебошад. Ин масъаларо борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бонуфузи байналмилалӣ матраҳ карда буданд, ки барои ҳамзистии осоиштаи кишварҳои мо аҳмияти калони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дорад.
Ҳарсол ҳазорон одам аз дасти террористон теракт меаванд.
Ҳар рўз аз шабакаҳои интернет, телевизону радио ва дигар манбаъҳои иттилоотӣ хабар медиҳанд, ки дар Афғонистон куштор ва ҳодисаҳои террористӣ вуқўъ омад, дар натиҷа чанд низомӣ ва одамони осоишта ба ҳалокат расиданд ва чандин нафари дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд. Ин даҳшатҳо – агар пеши роҳашон гирифта нашавад, домани паҳн карда, то кишварҳои ҳамсоя мерсад.
Созмони Милали Муттаҳид вазъи хушунатҳо ва талафот дар соли гузашта дар ин кишварро баррасӣ кардааст. Бар асоси ин гузориш, шумораи кушташудаҳои ғайринизомӣ дар соли 2020 зиёда аз 10 ҳазор нафар будааст.
Бинобар таҳлили гузоришгар аз ин миқдор терактҳо 42 дарсади ҳамлаҳо ба ҷангҷўёни «Толибон», 10 дарсади он аз сўи гурўҳи “Давлати исломӣ” ё ДИИШ, 13 дарсад ниманизомиёне мухолифи давлат ҳастанд, ки раҳбари муайяне надоранд, анҷом дода шудааст.
Аз рўи таҳлили Созмони Милали Муттаҳид соли оянда маргбортарин сол барои Афғонистон ба ҳисоб меояд. Чунки гурўҳҳои ифротгаро мавқъеи худро тағйр дода, якчанд вилояту вулусволиро тасарруф хоҳанд намуд.
Ин мушкилоти аср – фақат мушкилии Афғонистон набуда, бояд тамоми давлатҳои абарқудрати дунё бар зидди чунин гурўҳҳои террористию экстримистӣ фаъолият бурда, дар ҳамбастагӣ ин мушкилиро ҳал намоянд. Тавре, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вазъияти низомӣ-сиёсии Афғонистонро хуб медонад ва ҳамавақт такид мекунад, ки барои мубориза бо терорризм, қочоқи маводи мухаддир, кишварҳои минтақа бояд иқдомоти муштарак анҷом диҳанд. Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст, ки дар Афғонистон танҳо бо равишҳои низомӣ наметавон терорризму ифротгароиро решакан кард. Имрўз бояд омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар мубориза бо ин зуҳурот ба кор гирифта шаванд.
Тоҷикистон аз кўшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Афғонистон барои ҳалли ҳамаҷонибаи мушкили ин кишвар пуштибонӣ мекунад. Тоҷикистон имрўз ба Афғонистон нерўи барқ, маводи сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, маводи ғизоӣ ва нуриҳои маъданӣ содир мекунад.
ЯК МИЛЛИОН ЗАН МУБТАЛО БА МАВОДИ МУХАДДИР
Дар баробари мардон, дар миёни занони афғон одати баде пайдо шудааст, ки онҳо бинобар гузориши СММ, аз маводи мухаддир низ истеъмол мекунанд. Аз рўй истеҳсоли ин вабои аср Афғонистон дар ҷои аввал қарор дорад ва миллионҳо одамон қурбонии он шудаанд.
Вазорати беҳдошти Афғонистон ахиран эълом кард, ки ҳудуди як миллион зан дар ин кишвари ҷангзада мўътоҷе наркоманон шудааст. Дар асоси ҳисоботи соли гузаштаи ин вазорат, шумори афроде, ки дар Афғонистон аз маводи мухаддир истифода мекунанд, зиёда аз 3 миллион нафар будааст.
Чунонки ишор шуд, Афғонистон бузургтарин истеҳсолкунандаи маводи мухаддир буда, то соли 2001 ин кишвар 200 тонн маводи мухаддир истеҳсол мекард, баъди ворид шудани қувваҳои низомии ИМА ба он, давоми ҳабдаҳ сол ҳаҷми истеҳсоли он 65 маротиба афзоиш ёфта, ба 11000 тонна расидааст, ки ҳамаи ин ба давлатҳои дуру назди интиқол дода мешавад.
КАДОМ ОМИЛҲО ҶИА-РО БА КИШВАРИ БУФЕРӢ ТАБДИЛ ДОДААСТ?
Давлатҳои буферӣ – ин кишварҳое, ки дар миёни қабули ин ё он низоми сиёсӣ қарор доранд (дар аққалиятҳои ҳарбӣ ва геополитикӣ) мегўянд, ки онҳо алоҳида ва аз ин рў, набудани сарҳадҳои умумӣ ва ё таъмин накардани сарҳад бо сарбозон. Инчунин артиши зайф душмани дохилии худро нест карда наметавонад. Онҳо аксар вақт аз ҷониби қувваҳои манфиатҷўй истифода мешаванд, ки “Бозиҳои калон”-ро эҷод мекунанд. Ин дуруст ба роҳ намондани сиёсати давлаторӣ, пурқувват набудани артиш, мутахассиси хуби сиёсат ва ба ҳамин монанд ба мувофиқа нарасидани давладорони кишвар бо ҳам. Дар ҷаҳони имрўз дар рўйи замин як чанд давлатҳое, мавҷуд аст, ки ба давлатҳои буферӣ мубадал гаштааст.
НАМУНАИ ДАВЛАТҲОИ БУФЕРӢ ИНҲОЯНД:
• Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар оғози асри XX ҳамчун давлати тасаруфшаванда байни империяи Русия ва Бритониё, ки дар ин нома мухолифат мекунад, “Бозиҳои калон”-и сиёсиро ба вуҷуд овард, ки тамоми сохтори давладорӣ зайф шудааст. Дар ин давлат кадом кишвари абарқудрат хоҳад, он силоҳе, ки нав истеҳсол намудааст, аз санҷиш гузаронад. Дар натиҷаи санҷиш чандин шахсони бегуноҳ ҷони худро аз даст медиҳанд. Тамоми вирусҳои замони нав, аз ҷумла, вируси сиёсӣ, вируси одам, вируси ҳайвонот, вируси компютерӣ, шабакавӣ, телефонӣ ва ғайра, санҷида мешавад;
• Ҷумҳурии арабии Сурия, дар оғози солҳои 2011 ба давлати буферӣ мубадал гашт. Дар ин давлат аллакай байни Федратсияи Русия, ИМА, Паймони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ ва давлатҳои арабӣ «Бозиҳои калон”-и сиёсиро ба вуҷуд овард, ки ҶАС миллиардҳо доллари ИМА зарари иқтисодӣ дида, дар баробари ин миллионҳо шаҳрвандон муҳоҷири сиёсӣ шуда, хонаҳо оташ гирифта ба давлатҳои дуру наздик куч бастанд;
• Ҷумҳурии арабии Ироқ низ ба як кишвари буферӣ мубаъдал гаштааст, ки дар инҷо давлатҳои абарқудрат бо «Бозиҳои калон”-и сиёсӣ рў ба рў шуданд.
ҲНИ ГУРЎҲИ ТЕРРОРИСТӢ ЭЪТИРОФ ШУД?
Пас аз фурўпошии Ҳукумати Шўравӣ даҳшатҳои зиёдеро аз сар гузаронидем. Ҷанги таҳмилии бародаркуш бояд барои мо сабақ мешуд. Лекин афсўс, одамӣ шири хом хўрда, андешаи пасу пеши худро намекунад. Аз қабили чунин афрод, шахсоне ёфт шуданд, ки дини исломро ба сиёсат омехта, шахсони калавандаро сўи худ кашида, дар ин замина ҳизби худро муаррифӣ намуданд ва ин ҳизбро Ҳизби наҳзати ислом номгузорӣ карданд. Дар тоҷикон як мақол аст: Шермардон музаҳояшонро наъл заданд ва қурбоққа ҳам пояшро ба наъл задан пешниҳод намуд. Мехҳои наъл ба пойи қурбоққа чунон халиданд, ки худро ба чор тараф ҳавола додан гирифт. Аз бадию бахилӣ қурбоққа хост шермардонро ҷазо диҳад ва ба ин мақсад ҳаммаслакони худро дар атрофаш ҷамъ карда, ба онҳо мубориза бурданро оғоз кард. Ин қабил ҳаммаслакон Ҳоҷӣ Ҳалим ва шарикони ў буданд.
Дар баробари ин ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ давлат ва миллатӣ тоҷикро ба мисли давлати ҳамсояи мо ҶИА-II мубадал гардонидан мехостанд, вале пеши роҳи ин ҷинояткорро сарбозон ва ҷасурронӣ миллат гирифтанд.
Сулҳе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қимматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.
ҲНИ ГУРЎҲИ ТЕРРОРИСТӢ ЭЪТИРОФ ШУД?
Пас аз фурўпошии Ҳукумати Шўравӣ даҳшатҳои зиёдеро аз сар гузаронидем. Ҷанги таҳмилии бародаркуш бояд барои мо сабақ мешуд. Лекин афсўс, одамӣ шири хом хўрда, андешаи пасу пеши худро намекунад. Аз қабили чунин афрод, шахсоне ёфт шуданд, ки дини исломро ба сиёсат омехта, шахсони калавандаро сўи худ кашида, дар ин замина ҳизби худро муаррифӣ намуданд ва ин ҳизбро Ҳизби наҳзати ислом номгузорӣ карданд. Тоҷикон мақоле доранд: Шермардон музаҳояшонро наъл заданд ва қурбоққа ҳам пояшро ба наъл задан пешниҳод намуд. Мехҳои наъл ба пойи қурбоққа чунон халиданд, ки худро ба чор тараф ҳавола додан гирифт. Аз бадию бахилӣ қурбоққа хост шермардонро ҷазо диҳад ва ба ин мақсад ҳаммаслакони худро дар атрофаш ҷамъ карда, ба онҳо мубориза бурданро оғоз кард. Ин қабил ҳаммаслакон Ҳоҷӣ Ҳалим ва шарикони ў буданд.
Дар баробари ин ТЭТ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ давлат ва миллатӣ тоҷикро ба мисли давлати ҳамсояи мо Афғонистони ҷангзада мубаддал гардонидан мехостанд, вале пеши роҳи ин ҷиноятҳо гирифта шуд.
Сулҳе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қимматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.
Тоҷикистони азизи мо дар арафаи 30-солагии Истиқололияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ба ҷашни бузурги миллӣ хурду калон бо як рӯҳияи баланд омодагӣ гирифта истодаанд.
РОҲИ ҲАЛЛИ ҚАЗИЯИ АФҒОНИСТОН КАДОМ АСТ?
1. Тағйир додани низоми давлатдорӣ дар Афғонистон ва ба дунявӣ табдил додани он;
2. Барои осуда ва озодона зиндагӣ кардан, пеш аз ҳама роҳбари хуб, дилсўз ва донишманде боястӣ, ки пеши роҳи ҳама гуна ҷиноятҳоро бигирад;
3. Миёни се абарқудрати ҷаҳон: Амрико, Русия ва Хитой доир кардани ҳамоиши байналмилалӣ оид ба ояндаи Афғонистон;
4. Коҳиш додани таъсири давлатҳои теократӣ ба сиёсати дохилии Афғонистон;
5. Тадбиқи сулҳи Тоҷикистон ба фазои ҷангдида, ташкил кардани давлати мусолиҳаи миллӣ ва ҳифзи ягонагии марзу буми Афғонистон;
Салим Сайвализода -таҳлилгар