Рубрики
Uncategorized

Андеша: Ҷинояткор бояд тибқи аъмолаш ҷазо гирад

Аз расонаҳо огоҳ шудам, ки якчанд нафар сокинони Бадахшон бо сабаби содир кардани ҷиноятҳои вазнин дастгир гардида, аз манзили онҳо силоҳҳои гуногун ва дигар муҳимоти ҷангӣ ёфта шудааст. Ин ҳолат маро ба андеша бурд ва дар зеҳнам саволеро пайдо кард: Барои чӣ?

Ба мардуми мо, ки дар оромиву суботи комил зиндагӣ мекунанд, чи намерасад? Дурусттараш халқи одиву заҳматкаши Тоҷикистон шукргузори амнияту оромии кишвар ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, барои ободию пешрафти сарзамини худ саҳм мегузорад, талош меварзад. Аммо, вале, лекин…

Як гурӯҳ душманону бадхоҳони миллату давлати соҳибистиқлоли мо берун аз кишвар ба зидди Истиқлолу Ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистон талош меварзанд, ақоиди терористиро тарғиб мекунанд ва ҷавонони гумроҳро ба доми худ мекашанд. Ана оқибаташ! Чандин ҷинояткор кушта шуд ва чанде дигар дастгир гардиданд. Ба ҳамаи ин кӣ гунаҳкор? Албатта, онҳое, ки  мардумро гумроҳ мекунанд ва зидди Истиқлолу ягонагии Тоҷикистон ташвиқ менамоянд. Хушбахтона, имрӯз давлати мо қудрате дорад, ки халқро ҳимоя кунад ва ба унсурҳои ҷинояту ҷинояткорӣ мубориза барад. Барои ҳамин зарур аст, ки ҳар як ҷинояткор тибқи аъмолаш ҷазо гирад ва кайфар барад.

Муродулло Почозода-муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *