Рубрики
Мақола

Андеша

Аз воқеаҳои нохуше, ки рӯзҳои охир дар Бадахшон рух дод мо модарон тамоми амалҳои гурӯҳи ҷинояткоронро, ки ба амнияти миллии давлатамон таҳдид мекунад маҳкум мекунем.

Аъзоёни ТЭТ ҲНИ то ҳол ба халқу Ватани худ хиёнат карданро идома медиҳанд. Муддати чанд сол ба осудагии ҳаёти халқи азизамон халалдор мешаванд ва дар арсаи байналмилалӣ обрӯи нуфӯзи Тоҷикистонро барои паст задан кӯшиш мекунанд. Ҳолати сиёсии давлати ба мо ҳамсояи Афғонистон барои тоҷикистониён дарси ибрат бояд бошад.

Новобаста аз тахдиду ҳаракатҳои ТЭТ ҲНИ мо итминон дорем, ки ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи кишвари Тоҷикистон бебозгашт буда халқи мо бо азму талошҳои беандоза барои ободии Ватан ва тоҷику тоҷикистониён бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои олии миллат ноил гардида, мавқеи геополитикӣ ва геостратегии худро боз ҳам таҳким мебахшад.

Шахсони ҷинояткор, ки дар Бадахшон ба найрангҳои хоҷагони хориҷии худ фирефта шуда, давлатамонро ноором месозаанд, бояд донанд, ки фикрашон кӯтоҳ, ҷазои қонуниашон наздик аст.

Ба модарони Бадахшон муроҷиат менамоем, ки ба фитнаҳои гурӯҳи ҷинояткорон дода нашуда ба ҳаргуна митингҳои ғайриқонунӣ иштирок намудани фарзандонашонро пешгирӣ намоянд.

Шаҳзода Бобоева, корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи

Ҷаббор Расулов.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *