Рубрики
Uncategorized

Артиш таъминкунандаи сулҳу субот

Дар тарабхонаи “Иноят”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов маҳфили илмию адабӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ” ба истиқболи 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки котиби озоди Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳошимзода Муқаддама, муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Раҳматуллоев Садриддин, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам, муовини раиси ноҳияи  Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад ва мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов Фатҳиддин Юсуфӣ баргузор гардид. Ҳамчунин дар ин маҳфил иштирокчиёни ҶБВ, ҷанговарони байналмиллал, собиқадорон сарбозон, падару модарон ширкат варзиданд.

Пас аз маҳфил Ҳошимзода Муқаддама, Раҳматуллоев Садриддин, Фатҳиддин Юсуфӣ, бизнес-тренер Рустами Раҳматулло барои табрику таҳнияти сарбозон ба қисми низомии 051056-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварданд. Намояндагон тамоми сарбозону аскаронро бо фарорасии Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба онҳо шуҷоати баланд, нотарсию далерӣ ва хушиҳои тамоми зиндагиро таманно доштанд. Дар охир ба сарбозони фаъол тӯҳфаҳои хотирмон супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *