Рубрики
Uncategorized

АШТ МАҚОЛА: Истиқбол аз истиқлоли миллӣ

Ҷашни истиқлоли мо бодо муборак дӯстон,

Бахти мо, иқболи мо, бодо муборак дӯстон,

Сарвари мо тоҷи ваҳдат бар сари тоҷик монд,

Тоҷи зарринхоли мо, бодо муборак дӯстон!

Истиқлол – сарнавишти миллати моро комилан рӯҳу ҳавои тоза бахшид. Ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ Тоҷикистонро чун кишвари пешрафтаи илму иқтисод ошно намуд. Василаи хосе гашт, пеш аз ҳама, ки ба мардуми саодатмандаш оромӣ ҳадя намуд. Дар замони 30 соли истиқлоли комилан ривоҷёфтаи миллӣ, ҳама ҷабҳаҳои мамлакат аз хос то ба ом рушд карда, ба музаффариятҳои беназире ноил гардидаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди фарҳанг низ диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Мисоли хуби ин гуфтаҳо таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, “Соли тамаддуни ориёӣ”, “Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”, “2500-солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ”, “2700-солагии шаҳри Кӯлоб”, “700-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ”, 3000-солагии шаҳри Ҳисор”, бузургдошти Пешвои мазҳаби ҳанафӣ – Имом Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан ҷашн гирифта шуд, ба шумор меравад.

Дар даврони истиқлолият ҷашни миллии мо тоҷикон – Наврӯз мақоми ҷаҳониро ба худ касб намуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст. Муҳимтар аз ҳама бо як оҳанг садо додани ибораи “НАВРӮЗ МУБОРАК!” дар тамоми забонҳои ҷаҳон ин ифтихори бузурги ҳар як фарди некманишу саодатманди миллати тоҷик аст. Ин ҳама марому ташаккулҳои ояндасоз маҳз аз самараи неки даврони соҳибистиқлолии миллат шаҳодат медиҳад. Пас, шукргузорӣ аз ҳар лаҳзаи ҳаёти истиқлолманди худро бояд кард.

Ба Истиқлоли меҳан саҷда орам,

Намозамро ба даргоҳаш гузорам.

Бихонам ояти шукронааш беш,

Ки ҳаст он ҳадяи Парвардигорам!

        Аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *