Рубрики
Uncategorized

Ашт:Мулоқот бо омӯзгорони МТМУ №29-и деҳаи Кулихоҷаи ҷамоати шаҳраки Шайдон

Санаи 5-уми майи соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и деҳаи Кулихоҷаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Хушнуд Каримзода бо омӯзгорони муассисаи таълимии минтақаи дурдасти Ҷамоати шаҳраки Шайдон бобати масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии сокинон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб  баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода зимни баромади хеш ҷиҳати пешгирии шомилшавии бархе аз сокинону ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона намоем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем ва ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *