Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилал тибқи нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ноҳиявӣ аз санаи 17-уми марти соли 2022 ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аксияи идона таҳти унвони “Наврӯзи ҷаҳоноро муборак бошад!” баргузор гардид.
Аксияро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ ҳусни оғоз бахшида, доир ба байналмилалӣ гардидани Наврӯз, таҷлили бошукӯҳи он дар тамоми минтақаҳои кишвар, бузургиву шаҳомати Наврӯз ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оммавӣ гардонидани Наврӯз ва ҷаҳонӣ шудани он сухан карда, тамоми мардуми диёрро ба фарорасии Наврӯзи аҷам ва баҳори оламафрӯз шодбош гуфт.
Сипас, кормандон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба кӯчаҳои марказии ноҳия баромада, табрикномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Аштро ба сокинони ноҳия тақдим намуданд.