Рубрики
Uncategorized

Ашт:: Аксияи ҷаҳон бидуни сил

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт мувофиқи нақшаи корӣ дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили ноҳияи Ашт  бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи бемори сил аксия таҳти унвони “Ҷаҳон бидуни сил” дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт санаи 16-уми марти соли равон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, ташкилотҳои ибтидоӣ ва сокинон  иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ директори Муассисаи давлатии маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили ноҳияи Ашт оиди пешгирии бемории сил сухан кард.

Инчунин дар рафти аксия оиди пешгирии бемории сил шеъру суруд, гуфторҳо ва саҳначаҳои ибратбахш аз тарафи хонандагон пешкаши иштирокчиён намуданд.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *