Рубрики
Uncategorized

АШТ: Артиши миллӣ – кафили истиқлоли давлатӣ

Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар асоси ҷадвали кории Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд гурӯҳи корӣ дар ҳайати аъзои Раёсати КИМ ҲХДТ, ректори ДДҲБСТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мумин Машокир, номзади илмҳои таърих, дотсент Алимов Ботур Ҳамидович, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ , дотсент Саидзода Шуҳрат Шукур маҳфили илмӣ – адабӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – кафили Истиқлоли давлатӣ” ба истиқболи 29-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Артиши миллӣ доир гардид.

Инчунин, дар чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳия Мамдҷонов Зафар, муовини озоди раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Рустамзода Наврӯз Рустам ва намояндаи Шӯрои кор бо занон оид ба таҳкими “Сулҳ ва сулҳофарӣ”-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Анҷумани “Пайванд” Гулбаҳор Маликзода фаъолон, собиқадорон, падару модарони сарбозон, занони хонашин, ходимон, имомхатибони масҷиди панҷвақта, сарбозон ва кумитаҳои маҳалла, омӯзгорону кормандони соҳаи тиб ҳузур доштанд.

Чорабиниро раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳия Мамдҷонов Зафар оғоз намуда, суханро ба аъзои Раёсати КИМ ҲХДТ, ректори ДДҲБСТ муҳтарам Шарифзода Муъмин Машокир дод.

Шарифзода М.М. дар баромади худ қайд карданд, ки Артиши ҷавони Тоҷикистон бо ташаббусу роҳнамоиҳои Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо макомотҳои хифзи хукук ва дигар сохторхои низомии кишвар дар хифзи истиклолияти давлатӣ, химояи марзхои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ таъсис дода шуда, дар он ҷавонони банангу ор, иродаи қавию устувордошта ва ҷавонони ватандӯсту обутобёфта хизмат намуда истодаанд.

Инчунин, ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, сатҳу сифати хизмат ва имконияту шароитҳои мусоиди сарбозон дар қисмҳои низомии кишвар, тарбия намудани насли наврас ва бедор намудани ҳисси ватндӯстӣ дар ниҳоди онҳо, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва дигар масоили муҳими рӯз изҳори назар карданд.

Доир ба дастовардҳо, қарору қонунҳо, нақшаву барномаҳои давлатӣ дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳарбӣ, сатҳу сифати хизмат барои сарбозон дар қисмҳои низомӣ, таъсисёбии Артиши миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан ва дар руҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон номзади илмҳои таърих , дотсент Алимов Ботур Ҳамидович, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ , дотсент Саидзода Шуҳрат Шукур суханҳои пурмӯҳтаво намуданд. Инчунин, сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Коммисариати ҳарбии ноҳияи Ашт Пулотов Шуҳратҷон Шарифович ва сарбози қаторӣ Насриддинов Умедҷон оид ба сатҳу сифати хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва тамоми шароиту бурду боши хизмат баромад карданд.

Аз ҷониби раиси Анҷумани “Пайванд” Гулбаҳор Маликзода, сарвари маҳфили адабии “Ворисони Маъдан” Зафар Аҳмад ва хонандагон дар боби Ватандорӣ суханҳои ҷолиб ва шеърҳои пурмазмун гуфта шуд.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримзода тамоми меҳмонону иштирокдорони маҳфилро ба 29-умин солгарди Қуввваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ректори ДДҲБСТ Шарифзода Муъмин Машокирро барои тарғибу ташвиқ намудани ғояҳои созандаи ҲХДТ ва ҳамкории доимӣ бо сипоснома ва туҳфаи хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қадршиносӣ карда шуд.

Дар охир ба якчанд нафар модарони сарбозоне, ки фарзандони онҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуда истодаанд, бо туҳфаи хотиравии ДДҲБСТ ва КИ ҲХДТ дар ноҳия тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *