Рубрики
Uncategorized

АШТ: Ахборот

Дар доираи баргузории чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бахшида ба муносибати 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 03-уми ноябри соли 2022 мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Зиёбидинова Г бо кормандони Осорхонаи ноҳияи Ашт мулоқот доир намуд.

Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи ноҳиявӣ  қайд кард, ки  қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон заминаи воқеӣ гузошта, дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва рукнҳои давлатдории Тоҷикистони тозаистиқлол нақши ниҳоят муҳим гузошта, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим дароварда,  ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқиро муайян мекунад. 

Дар навбати худ директори осорхона Мирзоева М низ зикр кард, ки Конститутсия, аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.

Дар охир мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия кормандони осорхонаи ноҳияро ба 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *