Рубрики
Uncategorized

АШТ: АЁДАТИ МОДАРИ 85-СОЛА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт,  бо дастгирии вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, модари 85-сола, собиқадори меҳнат Пулотова Саида, ки дар сохти конститутсионӣ аз фарзандаш маҳрум гаштааст аёдат  ва дидорбинӣ ба ҷо оварда шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Хушнуд Каримзода   зимни аёдат модари мушфиқу ғамхор, собиқадори меҳнатро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, рӯзгори ободу осоиштаро орзу намуд.

Ҳамзамон, ҳангоми суҳбат Пулотова Саида шукрона аз озодиву Истиқлолият, пешрафту ободии кишвар карда, бо дасти дуо дар ҳаққи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуои нек намуд. Инчунин, аз ин иқдом болидахотир гардида, изҳори миннатдорӣ баён кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *