Рубрики
Uncategorized

Ашт: Аҳамияти қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи  22-юми феврали соли ҷорӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт  оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф,  ҷалб намудани ҷавонон ба омӯзиши илму ҳунар ва ба ин восита пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва дигар мавзӯҳои муҳими рӯз дар Гимназияи №6-и Ҷамоати деҳоти Ошоба бо омӯзгорон  мулоқот доир намуданд.

Раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мадаминова М ва раиси ташкилоти ибтидоӣ ҲХДТ дар назди  “деҳаи Марҳамат” Ашурматов Б доир ба самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф, дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф, тарбияи насли наврас ва ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, тиб ва омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ ҷалб кардани хонандагон  ва оиди ба бар кардани либоси миллӣ изҳори назар карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *