Рубрики
Асосӣ

АШТ: Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии беморхонаи марказии ноҳияи Ашт
Санаи 9-уми соли равон дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат ва раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Хушнуд Каримзода маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ аз рӯи 7-масъала: 1.Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолиятии минбаъда; 2. Тасдиқи нақшаи фаъолияти нимсолаи дуюми ташкилоти ибтидоӣ., 3.Интихоби раис ва раёсати ташкилоти ибтидоӣ., 4.Интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт., 5.Тасдиқи иқтибоси қарори ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Беморхонаи марказии ноҳия “Дар бораи қабул ба аъзогии ҳизб”., 6.Тасдиқи иқтибоси қарори ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Беморхонаи марказии ноҳия “Дар бораи қаът намудани узвият дар ҳизб”., 7.Масъалаҳои ҷорӣ баргузор гардид.
Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботиро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Беморхонаи марказӣ оғоз бахшида, рӯзномаи маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоиро тасдиқ намуд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои минбаъда ҳисобот дода, зикр кард, ки ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт фаъолияти худро тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб ба роҳ монда, дар ин муддат сатҳу сифати фаъолияти ҳизбӣ, масъалаҳои ташкили интизоми дохилиҳизбӣ ва қабули босифати узвият ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баланд бардошта шуд.
Инчунин, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани барномаҳои ҳизбию давлатӣ, ки ба соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии ҳаёти ҷомеа ва махсусан соҳаи тиб нигаронида шудааст, корбариро байни кормандони муассисаҳои тиббии ноҳия ва аҳолӣ роҳандозӣ намудан, ба роҳ мондани ҷабаҳи бузурги корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардидан, изҳори назар кард.
Сипас ду нафар ба музокираи ҳисобот баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоии Беморхонаи марказиро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Баъдан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оиди боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти дохилиҳизбӣ, ҷалби бештари кормандон ба сафи ҳизб, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, муосидат намудан дар мушкилоти ниёзмандон ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз таъкид намуданд.
Инчунин зикр намуд, ки дар давраи хуруҷи бемории сироятии ҳамагири Ковид -19 бо тадбирандешии саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Певшои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти дастаҷамъонаи табибон пеши хатари ин беморӣ гирифта шуд.
Таъкид шуд, ки дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ва торафт мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон аъзоёни ҳизбро лозим аст, ки бо мардум бошанд ва ба мардум оид ба моҳияти ваҳдати миллӣ сӯҳбатҳо анҷом диҳанд.
Сипас, Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Беморхонаи марказии ноҳия суханронӣ намуда, ҳамзамон доир ба дастовардҳои замони истиқлолият, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, рушди соҳаи саноат, рӯҳонияти маҳаллӣ ва масъалаи истифодаи он дар бозиҳои геополитикӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаҳои хешро баён намуданд.
Инчунин, аз рӯи масъалаи дуюм Хушнуд Каримзода – раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вобаста ба масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ суханронӣ намуд. Бо пешниҳоди аъзоёни ҲХДТ Имомов Абдурауф аз нав ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур интихоб карда шуда, сипас бо назардошти талаботи Оинномаи ҲХДТ аъзои раёсати ташкилоти ибтидоӣ иборат аз 7 нафар интихоб карда шуд.
Оид ба масъалаи интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт зикр гардид, ки мутобиқи муқаррароти тасдиқгардида, аз ташкилоти ибтидоии Беморхонаи марказии ноҳия 10 нафар вакил ҷиҳати иштирок дар Конференсия бояд интихоб карда шавад.
Бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб 10 нафар фаъолон ҳамчун вакил интихоб карда шуданд.
Бояд қайд кард, ки дар рафти маҷлис аз рӯи дигар масалаҳои зикршуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар фарҷоми маҷлиси ҳисоботӣ -интихоботӣ ба ташкилоти ибтидоии ҳизбии Беморхонаи марказии ноҳия барои ғолиби озмуни “Ташкилоти ибтидоии беҳтарин” дар соли 2021 бо диплом ва туҳфаи хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қадршиносӣ карда шуд.
Инчунин, ҷиҳати фаъолона иштирок намудан дар корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва дигар чорабиниҳои ҳизбӣ якчанд нафар бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қадршиносӣ карда шуда, ба якчанд нафар аъзоёни нав ба сафи ҲХДТ қабулгардида, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *