Рубрики
Асосӣ

АШТ: Волонтёрӣ шараф аст, биёед волонтёр мешавем!

  Ҳамасола, санаи 5-уми декабр дар миқёси ҷаҳон ҳамчун рӯзи байналмилалии волонтёрон таҷлил карда мешавад. Хушбахтона, дар Тоҷикистони маҳбуби мо низ ин сана бошукуҳ таҷлил мешавад. Фаъолият дар ин ҷанба, асосан фаъолияти бисёр ҳам назаррасу рушддиҳанда маҳсуб ёфта, барои пешбурди ҳаёти маданиву маърифатии шахс, махсусан ҷавонон такони ҷиддие мебахшад. Фаъолияти волонтёрӣ ин фаъолияти самарабахши ҷавонони саодатманди диёр ба шумор рафта, бо ҳаёти имрӯз, ишора ба таҳсил, зиндагии ҳамарӯза, рафоқату рафиқӣ, созандагиву сарфарозӣ алоқамандии ногусастае дорад. Маҳз, бо фаъолияти созандаву рӯшан дар ин соҳа, инсон метавонад то ҷое мавқеи худро байни ҳамсабақону дӯстон ва ҷомеа шоён муаррифӣ намояд.

  Ҷиҳати дастгирии пайвастаи садри олии мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҷавонони худогоҳи диёр, ташаббуси ибратнамои дигареро дар ин соҳа нишон доданд, ки ин соли 2013 қабули “Қонун дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” ба шумор меравад. Маҳз қабули ин қонун, бори дигар собит намуд, ки роҳбарияти кишвар нисбат ба ҳама қишри ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ояндаи миллату давлатро дурахшон хоҳад кард.

 Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти волонтёрӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 Мақсад аз ба роҳ мондани ин қонун ташвиқи иштироки шахсони воқеӣ дар фаъолияти волонтёрӣ ва дастгирии онҳо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳар ҷавони соҳибназари диёрро мебояд то дар ин самт фаъолияти чашмрасеро ба бор оварда, саҳми худро дар пешбурди рисолати ояндасози миллату давлати худ гузошта бошад.

 Мо ҷавонон қалби бедори Ватан,

 Саф ба саф ҳар рӯз дар кори Ватан.

 Мо иваз кардан намехоҳем, ҳеҷ

 Бо гули мулки дигар хори Ватан.

                                                                                 Умедҷони Амонӣ

Аъзои фаъоли  ТТҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *