Рубрики
Асосӣ

АШТ: Вохурию мулоқот дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди беморхонаи минтақавии №5-и ҷамоати деҳоти Понғоз

Дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Беморхонаи минтақавии №5-и Ҷамоати деҳоти Понғоз мулоқоти Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода бо кормандон ва аъзоёни ҳизб баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода оид ба рафти супоридани аъзоҳақӣ, ба тартиб даровардани ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ, оид ба рафти обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ  ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханрони намуданд.

Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии шомилшавии  ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ террористӣ суханронӣ намуда, кайд намуданд, ки падидаҳои номатлуб, аз ҷумла, тероризми байналмиллалӣ, шомилшавии махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистӣ дошта ҳамчун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эъҷод менамояд. Аз ин лиҳоз баҳри пешгирии ин амалҳои номатлуб аҳли ҷамоатчигиро зарур аст, ки аз тамоми воситаву имконоти мавҷуда истифода бурда нагузорем, ки наврасону ҷавонони мо фирефтаи баъзе гурӯҳҳову ақидаҳои носолим гардида бошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *