Рубрики
Асосӣ

АШТ: Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт

Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин доир ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон и Ҷамоатҳои деҳоти Пунук ва Ориён вохӯриҳои судманд баргузор гардид.

Дар вохӯриҳо Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ, муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, комиссари ҳарбии ноҳия, сардорони Раёсати молия, нозироти андоз, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, шуъбаву бахшҳои маориф, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, вакилони ҷамоатҳо, ҷавонон, занон, фаъолон, собиқадорон ва раисони кумитаи маҳаллаҳо ширкат варзиданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин оид ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муасиссаҳои миёна ва олӣ, амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин, пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба омӯхтани илму ҳунар, пайдо ва паҳн шудани штампҳои нави бемории сироятии коронавирус дар аксарияти давлатҳо, ки дар Паём ироа гардида буд ва дигар масоили мубрами рӯз изҳори андеша кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *