Рубрики
Асосӣ

АШТ: ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ РӮЗ

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар якҷоягӣ бо МИҲД-и ноҳия дар асоси нақшаи кории КИН тасмим гирифтанд, ки вобаста ба фаҳмонда додани мӯҳтавои асоси Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (санаи 23.12.2022сол), ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ байни падару модарон, хонандагон, омӯзгорони муасисаи таълимии №5 Ҷамоати деҳоти Меҳробод, сокинони касбу кори гуногун ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” вохӯрии судманд доир гардид.

Дар вохӯрӣ раиси КИН Каримзода Хушнуд Каримӣ, раиси Шӯрои собиқадорони КИН Мадаминова М. ва  директори маркази хизматрасонӣ-иҷтимоӣ МИҲД-и ноҳияи Ашт Камол Самиев иштирок намуда, оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи сиёсии сайёра, густариш пайдо кардани терроризми байналмилалӣ ва зуҳури таҳдидҳои ҷиддӣ, дар самти маориф, тандурустӣ ва занону ҷавонон, ки дар Паём ироа гардид, изҳори назар карданд.

Аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар ҳимояи марзу буми Ватани аҷдодии худ ва ҳимояи манфиатҳои милливу башарӣ бетарафӣ зоҳир нанамуда,  ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта бошанд.

Ҳамчунин, омӯзгорон ва волидонро низ таъкид карданд, ки бояд фарзандонро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоянд.

Дар охир якчанд нафар хонандагони синфҳои болоӣ ва ҷавонон ваъда доданд, ки пас аз хатми мактаби миёна ва муасисаҳои олӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, дар ҳифзи марзу буми кишвар ҳиссаи сазовори худро мегузоранд.

Суратгузориш аз рафти баргузори вохӯрӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *