Бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалб намудани ҷавондухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ санаи 12-уми октябри соли равон мудири шуъбаи кор бо занон ва раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт аз ҳунари қолинбофии занону бонувони маҳфили қолинбофии “Ҳусноро” аз наздик ошно гардиданд. Маҳфили мазкур барои ҷалб намудани занони хонашин ва ҷавондухтарон таъсис ёфта, то имрӯз зиёда аз 40 нафар ҷавондухтарон ва бонувон соҳиби сертификати бофандагӣ гардидаанд. Маҳфил дар якчанд озмунҳои сатҳи ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҷойҳои ифтихориро сазовор гардидааст. Инчунин, маҳфили қолинбофии “Ҳусноро” гирандаи Гранти раиси ноҳия дар соли 2014, гирандаи Гранти Раиси вилоят дар соли 2015 ва гирандаи Гранти Ҷумҳуриявӣ дар соли 2021 мушарраф гардидааст. Раиси Шӯрои собиқадорон Мадаминова М. ва мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Зиёбиддинова Г. дар баромади худ қайд карданд, ки мақсад аз баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо бо марказҳои ҳунаромӯзӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои занону духтарон, ба хотири рушд ёфтани соҳаи ҳунармандӣ ва ҳунари онҳоро муаррифӣ намудан мебошад. Дар охир занону бонувони фаъоли маҳфил бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуд.
Рубрики
АШТ: Вохӯрӣ бо занони ҳунармандони маҳфили қолинбофии “Ҳусноро”
