Дар асоси нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 15-уми феврали соли 2022 бахшида ба Рӯзи Модар вохӯрӣ дар мавзӯи “Занон – нерӯи тавонои ҷомеа” дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди деҳаи Марҳамат, Ҷамоати деҳоти Ошоба бо иштироки раиси Шӯрои собиқадорон ва мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи ноҳиявӣ, раиси Шӯрои занони ташкилоти ибтидоӣ, собиқадорон, фаъолзанон, омӯзгорон ва ҷавондухтарони фаъоли деҳа доир гардид.
Чорабиниро раиси Шӯрои занони ташкилоти ибтидоӣ дар назди деҳаи Марҳамат Қурбонова Омина ҳусни оғоз бахшида, оид ба баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва тарбияи насли наврас андешаҳои худро иброз дошт. Сипас, суханро ба раиси Шӯрои собиқадорон ва мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи ноҳиявӣ дод.
Дар суханронии худ раиси Шӯрои собиқадорон Мадаминова М. ва мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи ноҳиявӣ Г.Зиёбидинова дар бораи иҷроиши Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, “Дар бораи аз байн бурдани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон”, баланд бардоштани мақому манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ, дар самти сиёсати занону ҷавонон, фаъолияти занону духтарон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва кадрҳои роҳбарикунанда аз ҷониби занону бонувон, инчунин, оид ба риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масоили муҳими рӯз аз ҷумла, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, шомилшавии занону ҷавондухтарон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила нисбат ба зан изҳори назар карданд.
Дар охир тамоми иштирокдорони вохӯриро ба муносибати Рӯзи Модар, фарорасии фасли дай, фасли оғози офариниши табиати диёр, фасли гулу зебоӣ, фасли Баҳори оламафрӯз табрик намуданд.