Санаи 22-уми июни соли равон бо мақсади ба низом даровардани корҳои дохилиҳизбӣ, самаранок пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ ва рафти амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати шаҳраки Шайдон ҷиҳати пешбурди корҳои ташкилӣ, ба низом даровардани ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ, қабули босифати аъзо ба сафи ҳизб, пардохти саривақтии аъзоҳаққӣ, рафти иҷроиши “Обуна – 2022” ва тарзи нигоҳ доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ инчунин аз қайд гузаронидани шаҳодатномаи ҳизбӣ дар муҳлати муайянгардида дидан намуда, дар рафти ҷараён ҳамзамон ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид доданд.
Рубрики
АШТ: ИДОМАИ САНҶИШ ВА АМАЛИЁТИ “ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ – ИФТИХОРИ МАН” ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ДАР НАЗДИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ШАЙДОНИ НОҲИЯИ АШТ
