Рубрики
Uncategorized

АШТ: Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳхдтдар назди ҷамоати деҳоти Понғоз

Дар асоси нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар Ҷамоати деҳоти Понғоз маҷлиси муассисони аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид. Дар маҷлис раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Х.К., раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроия Мадаминова М., намояндаи МИҲД-и ноҳия Мамадҷонов З.Т., раиси Ҷамоати деҳоти Понғоз Насриддинов Ҷамшед ва фаъолон, занону ҷавонон, собиқадорони ҲХДТ иштирок доштанд. Маҷлисро раиси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд баромад намуда, қайд кард, ки бинобар сабаби ба кори дигар гузаштани собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Понғоз дар ноҳияи Ашт Турсунзода Бахтиёр зарур аст, раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Аштро интихоб намоем. Якчанд нафар кормандону аъзоёни ҲХДТ номзадии мутахассиси кордон ва ботаҷриба раиси нави Ҷамоати деҳоти Понғоз Насриддинов Ҷамшедро пешбарӣ намуданд. Пешниҳоди кормандон қабул гардид. Раиси Ҷамоати деҳоти Понғоз Насриддинов Ҷамшед раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Ҷамоати деҳоти Понғоз интихоб карда шуд.Сипас, Насриддинов Ҷамшед ба сухан баромада, миннатдории худро барои дастгирӣ ва тарафдорони аъзоёни ҳизб баён намуда, баён дошт, ки минбаъд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Оинномаи ҲХДТ ва қарорҳои КИМ ҲХДТ чораҳо андешида, барои баланд бардоштани нуфузи ҳизбамон кӯшиш менамоем.Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис, ки масъалаҳои ҷориро дар бар мегирифт, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Х.К. ва намояндаи МИҲД-и ноҳия Мамадҷонов З.Т . фикру мулоҳизаҳои худро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *