Рубрики
Uncategorized

Ашт: Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон -рӯйдоди сарнавиштсози миллат

         Санаи 8-уми ноябри соли 2022 дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзиши футбол”-и ноҳияи Ашт соати сиёсӣ дар мавзӯи “Нақши Пешвои муаззами миллат дар таҳкими сулҳу суботи кишвар”  бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИН Маҷидов Б ва раиси ташкилоти итидоии ҳизбӣ Умаров Ф. доир ба таърихи Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сарнавишти миллати тоҷик нақши муҳим ва муассир бозидааст ва ҳадафи асосии он ба низом даровардани авзои мураккаби сиёсӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ буд, фикру андешаҳои хешро мавриди зикр қарор доданд.

Ҳамчунин, доир ба фаъолияти пурсамари Пешвои муазазми миллат  тӯли ин солҳо изҳори назар карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *