Рубрики
Асосӣ

АШТ: КОНСТИТУТСИЯ РОҲНАМОИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ!

        Имрӯз дар асоси нақша- чорабиниҳои  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бахшида ба муносибати 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони “Конститутсия роҳнамои давлати соҳибистиқлол” дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди деҳаи Бободархон  бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд, раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳия Мадаминова М, раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди деҳаи Бободархон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Пулотов Н, шахсони масъули шуъбаи маорифи ноҳия, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Понғоз Бегматова Н, собиқадорон, фаъолон, занон, ҷавонон, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва сокинони деҳа баргузор гардид.

         Чорабиниро раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди деҳаи Бободархон Пулотов Назмидин ҳусни оғоз бахшида, оид ба моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз қабули он 28-сол сипарӣ гардида, дар партави он ғояҳои пешқадами миллӣ ҷамъиятию сиёсӣ, аз қабили давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ будани Тоҷикистон таҷассуми худро пайдо намуд, суханронӣ кард.

         Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ дар баромади худ қайд кард, ки қабули Конститутсияи кишвар аз омилҳои муҳими рушди давлатдорӣ ба шумор рафта, пешрафти ҷомеа ва ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ маҳз дар заминаи қонуни асосиии нав имконпазир буда,  бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мардуми мамлакат 6-уми ноябри соли 1994 тариқи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, дар он ғояҳои пешқадами миллӣ ҷамъиятию сиёсӣ, аз қабили давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ будани Тоҷикистон таҷассуми худро пайдо намуд.

Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шуданд.

Ҳамзамон, оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бедор намудани ҳуввияти миллӣ дар ниҳоди ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз изҳори андеша кард.

Сипас, тамоми сокинони деҳаи Бободархони Ҷамоати деҳоти Понғозро ба муносибати 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрику таҳният намуд.

         Дар охир якчанд нафар фаъолону сокинони деҳа, ки дар корҳои созандагиву бунёдкории деҳа ҳиссагузорӣ намуданд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт қадршиносӣ карда шуданд.

         Инчунин, ба 10 –нафар ҷавононе, ки нав ба сафи ҲХДТ қабул гардида буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ  супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *