Рубрики
Асосӣ

АШТ. Конститутсия – роҳнамои давлати соҳибистиқлол!

Дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 02.11.2021 сол таҳти рақами №91 ва нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия – роҳнамои давлати соҳибистиқлол!” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳия – Мамадҷонов Зафар Тошматович, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт – Хушнуд Каримзода, раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб – Мадаминова Мӯтабар, собиқадорон, фаъолон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт – Хушнуд Каримзода ҳусни оғоз бахшида, сипас суханро ба намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт – Мамадҷонов Зафар Тошматович дод. Мамадҷонов Зафар баромад намуда, иштирокдоронро бахшида ба Рӯзи Конститутсия таҳният намуда, табрикоти Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадиро ба ҳамагон қироат намуд.

Сипас, Хушнуд Каримзода – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ҳамагонро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Инчунин дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд нафар аъзоёни навқабулгадида шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Дар ҷамбасти барои хубу хотирмон доир гардидани чорабинӣ аз тарафи санъаткорони ҷавони бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ доир гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *