Дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 10 ноябри соли 2021 ва нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-уми ноябри соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди деҳаи “Қалъача”-и Ҷамоати деҳоти Меҳробод маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони “Парчам – Рамзи сарбаландии миллат” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, намояндаи МИҲД-и ноҳия Мамадҷонов Зафар, раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Мадаминова Мӯтабар, фаъолон, омӯзгорон, собиқадорон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир гардид.
Дар чорабинӣ масъулин баромад намуда, иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ таҳният намуда, қайд карданд, ки Парчами давлатӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар як кишвару халқ, рамзи ҳуввият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин мебошад ва дар ҷаҳон бо баландии рекордӣ – 165 метр бардошта шудааст. Ҳамзамон дар охир иштирокдорони чорабиниро барои эҳтиром ва пос доштани ин муқаддасоти давлат, ки яке аз вазифаҳои асосии ҳар як шахс мебошад, даъват намуданд.
Инчунин дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд нафар аъзоёни навқабулгардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Дар охир аз ҷониби хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и Ҷамоати деҳоти Меҳробод барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ баргузор гардид.