Рубрики
Асосӣ

АШТ: Маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Раёсати омори ноҳияи Ашт

Санаи 7-уми июни соли равон бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Раёсати омори ноҳияи Ашт маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.

Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Раёсати омори ноҳияи Ашт аз рӯи 5-масъала баргузор гардид.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Раёсати омори ноҳияи Ашт Иброҳимзода Ф. баромад намуда, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот пешниҳод намуд, ки аз ҷониби аъзоён ҳизб қаноатбахш арзёби намуданд. Дар рафти маҷлис аз рӯи масалаҳои баррасигардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар охир масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар иҷрои вазифаи пурмасъул муваффақият хостанд. Инчунин дар ҷараёни ҷаласа дигар масъалаҳо аз ҷумла оиди саривақтии иҷроиши “Обуна–2023” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” ва ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ мавриди муҳокима қарор гирифта шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *