Рубрики
Uncategorized

АШТ: Мулоқоту вохӯриҳо дар ҷамоати деҳоти Понғоз

Дар асоси нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва МИҲД –и ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Понғоз вохӯрю мулоқотҳо дар мавзӯи “Фазои иттилоотии кишвар, ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолият ва таъмини амнияти миллӣ” бо фаъолону собиқадорон, занону ҷавонон, омӯзгорон, вакилон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Понғоз доир гардид. Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, раиси ташкилоти ибтидоӣ ҲХДТ дар назди Понғози боло Қосимова Мавҷуда, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Понғоз Бегматова Назира ва масъулони кумиҷроияи ноҳиявӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро раиси ташкилоти ибтидоӣ ҲХДТ дар назди Понғози боло Қосимова Мавҷуда ҳусни оғоз бахшида, суханро ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода дод.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт доир ба дастовардҳои замони истиқлолият, рушди иқтисодии кишвар, рушди соҳаи саноат, зиёд гардидани иқтидори энергетикии мамлакат, раванди боссозии сиёсӣ ва иқтисодии кишвар, нақши дин ва миллатгароӣ дар бозиҳои геополитикӣ ҷиҳати амалӣ сохтани амалҳои ғаразноки гурӯҳҳои ифротӣ, рӯҳонияти маҳаллӣ ва масъалаи истифодаи он дар бозиҳои геополитикӣ, аз байн бурдани ақидаҳои бегона, вазъи дохилӣ, омилҳои осебпазир дар фазои иттилоотии Тоҷикистон, пешгирӣ намудани ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаркатҳои иртиҷоӣ, истифодаи телфонҳои мобилӣ, пайвастшавӣ ба сомонаҳои таблиғотии ТТЭ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз фикру андешаҳои худро мавриди назар кард. Инчунин, оид ба даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳарбӣ суханронӣ намуд.

Аҳли ҷамоатчигӣ ҷиҳати баргузории чунин вохӯрӣ миннатдории хешро ба раиси кумиҷроия баён намуда, ҳама якдилона дар пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб байни наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои гуногуни ҷомеаро дастгирӣ намуда, ҳама шукрона аз тинҷиву оромии кишвар ва шукрона аз дастгириву ғамхориҳои Сарвари давлатро намуданд.

Ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабинӣ дар он аст, бояд ҷавонону наврасонро тавре тарбия намоем, ки онҳо дар оянда барои халқу ватани азизи худ содиқона хизмат намуда, баҳри ҳифзи марзу буми кишвари азиз Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта бошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *