Рубрики
Uncategorized

Ашт: Наврӯз Ҷашни Бузурги Таърихӣ

Мақола:

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва бо ташаббусҳои созандаву бунёдкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ки ҳоло ба ҷашни милливу  давлатии мо –тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайвандгари наслҳо табдил ёфтааст.

Наврӯз яке аз кӯҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз  шашҳазорсола дорад.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум гардидааст, ки асосгузори Наврӯз шоҳ Ҷамшед мебошад.

Наврӯз ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши руҳ ва афкори солим буда, дар қисматҳои гуногуни Тоҷикистон бо хусусиятҳои хосаш ҷашн гирифта мешавад. Ва бо ҳидояту раҳнамоиҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну маросимҳои қадимаамон эҳё гардида, бо шарофати он дӯстию рафоқат байни шаҳрвандон торафт мустаҳкам гардида истодааст.

Бояд  қайд кард, ки  Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ бахшида ба рӯзи байналмилалии  Наврӯз таъкид доштанд, ки “Бузургдошти Наврӯз, умуман бузургдошти  таъриху тамаддуни башарист, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст”, ки ҳар сол иди байналмилалии Наврӯз дар миқёси Ҷумҳурӣ ва берун аз он бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфтани иди Наврӯз аз бузургию шаҳомат, решаҳои амиқи фарҳангию таърихӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ доштани он шаҳодат дода, далели эътирофи тамаддуни ориёинажодон, аз ҷумла тоҷикон низ мебошад.

Наврӯз сари сол, баробарии шабу рӯз, иди соли нав, ҷашни бедории табиат, ҷашни кишту кор, аст, ки аз қадим дар байни мардуми Машриқзамин таҷлил карда мешавад. Наврӯз айёмест, ки таъсири хуршеди ҳаётбахш меафзояд,  фасли зебои сол баҳор ҷои зимистонро гирифта, табиати хобида боз аз нав рӯй ба бедорӣ ниҳода, дилрабову зеботар гардида,бо умедҳо ва орзую ормонҳои нек ҳамроҳ буда, инсонро ба ояндаи фараҳбахш дилбаста месозад, завқи ӯро нисбат ба зиндагӣ кор ва эҷод афзун мегардонад.

Аз рӯи маълумоти Шамсуддини Димишқӣ мардуми эронинажод иду анъанаҳои зиёдеро ҷашн мегирифтанд, ки маъруфтарини он ҷашни Наврӯз аст, ки ҷойгоҳи махсусро дорад.

Дар натиҷаи тайёрӣ ба ҷашнгирии Наврӯз дар мамлакат на танҳо сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад, балки се рукни ах лоқии инсон –пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек амалан рушд ёфта, мустаҳкам мешавад ва анъанаҳои неки гузаштагонамон боз аз нав эҳё мегардад.

Имрӯз мо шукри онро мекунем, ки Наврӯз аз зиндони сангин ва қафасҳои фулодини даврони Шӯравӣ озод шуд ва чун паррандаи некухислати хушболу хушрафтор парвози баланд баргирифт ва руй ба хуршеди ҷаҳонафрӯз ва фасли зеботарини сол баҳор биёвард  ва мисли пешин ба ин фасл нафаси гарм ва ҳавою навои дилошӯби Наврӯзӣ ҳадя бинмуд.

Воқеан имрӯз барои оммавӣ гардидани Наврӯзи бостонӣ ва ҷаҳонӣ шудани он нақш ва хидмати шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург буда, дар Тоҷикистон ҳамасола тамоми сокинони кишвар аз хурд то бузург, ба таҷлили Наврӯз бо рӯҳбаландии хос омодагӣ мегиранд.  Ин аст, ки хурду бузурги кишвар интизори истиқболи Наврӯз мебошанд ва бо чорабиниҳои хотирмон тантанаҳои идонаро ҷамъбаст менамоянд.

Имрӯз, ки мо дар остонаи иди фархундаи Наврӯз қарор дорем, қадами мубораки Наврӯзро, ки ба хонадони пиру барнои кишвар  пайки шодӣ, муждаи иқбол, бахту саодати тоза,  оғози кишту кор, оғози нақшаҳои эҷодию офарандагӣ меоварад, таҳният мегуем. Бигзор, Наврӯзи имсола барои кулли мардуми Тоҷикистон фатҳу нусратҳои тоза, саломативу сарбаландӣ, осудагиву файзу баракатро ато намояд.

Мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Зиёбидинова Г.С.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *