Рубрики
Асосӣ

АШТ: Натиҷагирӣ аз фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар нимсолаи якуми соли 2021

Имрӯз дар толори театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҷаласаи ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 бо иштироки Раиси Кумитаи ироияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед Абдуқаҳҳорӣ, аъзоёни комиҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёни фаъоли ҳизб доир гардид.

Кори маҷлисро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Маҷлис аз рӯи се маъала, якум; Ҳисобот оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар нимсолаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021, дуюм; Рафти иҷрои корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сеюм; Рафти иҷроиши нақшаи “Обуна-2022” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” ва масъалаҳои ҷорӣ баргузор гардид.

Аз рӯи се масъалаи дар рӯзномаи маҷлис дарҷ гардида, раиси КИН Каримзода Хушнуд Каримӣ ба сухан баромада, оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар давраи нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2021 баромад намуда, қайд кард, ки дар давоми нимсолаи якум ҷиҳати пиёда намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 январи соли 2021), рафти қабули аъзоёни нав ба сафи ҳизб, рафти амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман”, ташкил ва қатъ кардани ташкилотҳои ҳизбӣ, ташкили хоҷагиҳои ёрирасон дар назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, баргузории озмунҳо аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳия, корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ ва кӯмакҳои расонидашуда оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19, корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои ифротӣ, баргузории аксияҳо, соатҳои сиёсӣ ва дигар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон қайд гардид, ки ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар асоси нақша-чорабиниҳо оид ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалб ва ташаббуси вакилон, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт корҳои назаррас анҷом дода шуд.

Оиди масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис, ки ҷиҳати сари вақт ва босифат иҷрои нақшаи “Обуна – 2022” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ зикр кард, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар асоси дастуру нишондодҳо амал намуда, дар кӯтоҳтарин муддат ба анҷом расонидани миқдори муайянгардидаи обуна чораҳои амалӣ андешида, корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳиро аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва дигар ташкилотҳо ба роҳ монда шудааст.

Инчунин раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар назди шуъбаи маориф, Китобхонаи марказии ноҳия ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт аз ҳавзаи интихоботии “Хуҷистон”-№15 ба сухан баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Аштро дар давоми нимсолаи аввали соли 2021 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Сипас, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оиди рушди иқтисодӣ, пайомадҳои бемории сироятии КОВИД-19, дастовардҳои даврони Истиқлолият, пешгирии ҷавонон аз пайвастшудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар мавзӯъи рӯз изҳори андеша намуда, дар охир барои фаъолияти назарраси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ миннатдории хешро баён намуд.

Муовини раиси ноҳияи Ашт – Маҳмудзода Ҷамшед Абдуқаҳҳорӣ оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар давоми нимсолаи якуми соли равон сухан намуда, аз роҳбари Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт даъват ба амал овард, ки ҷиҳати сазовор ва дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ доир намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷамоату шаҳраку деҳоти ноҳия чорабиниҳои сиёсиву фарҳангиро бо ҷалби аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир намоянд.

Дар охир ба якчанд нафар аъзоёни фаъоли ҳизб сипоснома ва тӯҳфаҳои хотирвии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва ба 10 нафар аъзоёни нав ба сафи ҳизб қабулгардида шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *