Рубрики
Uncategorized

АШТ: Паём – раҳнамо ба сёи фардои дурахшони кишвар

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт санаи 18-уми январи соли равон бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҶДММ  “РАХШ – Р.М” ҷиҳати тарғибу ташвиқи мӯҳтавои асосии Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқот доир намуданд.

Дар мулоқот Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, дастовардҳои назаррас, раванди босуръати саноатикунонии кишвар,  татбиқи сиёсати занон, ҷавонон ва дигар самтҳо, ки дар Паём ироа  гардидаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Инчунин зимни мулоқот зикр карда шуд, ки  дар Паём бисёр масъалаҳои дар ҷомеаи имрӯза  зарур инъикос ёфта, моро месазад, дар татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат фаъол бошем ва барои таъмини шароити арзандаи хеш талош варзем.

Аз  ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, вохӯриву мулоқотҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ бо шаҳрвандони касбу кори мухталиф давом дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *