Рубрики
Uncategorized

АШТ: Рӯзи дарҳои кушод “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан”

Дар асоси барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 10.02.2022 сол бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ба истифода додани бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон иброз намуданд, бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ  дар қисми низомии ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ва атрофи он чорабиниҳои мақсаднокро аз қабили вохӯрию мулоқот, аёдат,  рӯзи дарҳои кушод бо иштироки шахсиятҳои  барӯманд, олимону донишмандон, шоирону адибон, собиқадорон, падару модарони сарбозон ва намояндагони бахши фарҳанг дар сатҳи баланд баргузор намоянд.

         Бо  мақсади шинос шудан аз ҳаёти афсарону сарбозон, аёдат ва дидорбинии онҳо санаи 12.02.2022 сол дар қисми низомии 0216  рӯзи дарҳои кушод бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳия Мамадҷонов Зафар ва кормандони он, ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб ва санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия доир гардид.

         Дар рафти вохӯрӣ масъулин ба сухан баромада зикр кард, ки Артиши ҷавони Тоҷикистон бо ташаббусу роҳнамоиҳои Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо макомотҳои хифзи хукук ва дигар сохторхои низомии кишвар дар хифзи истиклолияти давлатӣ, химояи марзхои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ таъсис дода шуда, дар он ҷавонони банангу ор, иродаи қавию устувордошта ва ҷавонони ватандӯсту обутобёфта сафарбар гардидаанд, фикру андешаҳои худро иброз дошта, тамоми афсарону сарбозони қисми низомиро ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуда, ба афсарону сарбозон китобҳои бадеӣ ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Аштро тақдим намуданд.

         Дар охир барои боз ҳам хубу хотирмон ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардидани чорабинӣ барои  афсарону сарбозон  аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия чорабинии фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *