Имрӯз мувофиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дар якҷоягӣ бо бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, Сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт Латифов Мирзоҳамид, муовини Ҷамоати шаҳраки Шайдон Искандарова С, афсари бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт Қаҳрамонӣ Киромидин, собиқадори ҲХДТ, сарбозоне, ки нав хизмати Модар-Ватанро адо намудаанд ва инчунин аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар деҳаи Кулихоҷаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон “Рӯзи мудофиаи гражданӣ ягона” доир гардид.
Хушнуд Каримзода – раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баромад намуда, қайд намуд, ки мақсад аз баргузории ин чорабинӣ пеш аз ҳама, баланд бардоштан ва такмил додани дониш ва омодагии омӯзгорону хонандагон оид ба мудофиаи гражданӣ, омода намудани хонандагон барои амал намудан дар ҳолатҳои фавқулоддаи хусусиятҳои гуногун дошта ва бартараф намудани оқибатҳои онҳо, омӯзонидани хонандагон оид ба расонидани ёрии аввалини тиббӣ, худнаҷотдиҳӣ ва наҷот додани дигарон мебошад.
Сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт Латифов Мирзоҳамид ба сухан баромада, аз хоанандагон даъват ба амал овард то дар иҷрои машқҳои мудофиаи гражданӣ ҳушёр, зирак ва чаққон бошанд.
Дар охир баъди иҷрои машқҳои мудофиаи гражданӣ ба 4-нафар сарбозе, ки нав хизмати Модар-Ватанро бо сари баланд адо намуданд бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва инчунин ба якчанд нафар хонандагони фаъол низ тақдим карда шуд.