Санаи 5-уми марти соли равон дар асоси барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 24.02.2022 сол таҳти №18 аъзоёни гурӯҳи “Созанда”-и ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар арафаи таҷлили бошукӯҳтарин ид, Рӯзи Модар тасмим гирифтанд, ки бо мақсади дидорбинӣ, табрикоти идона ва расонидани ёрӣ ба корҳои хоҷагидории модарони мушфиқу ғамхор ва собиқадори меҳнат сафарбар гарданд. Гурӯҳи ҳизбиён ва наврасони ватанпарвар ба манзили истиқоматии модарони мушфиқу ғамхор ва собиқадорони меҳнат ташриф оварда, бо муносибати Иди бонувон муборакбод намуданд. Сипас, наврасони созанда ба корҳои хоҷагӣ, аз ҷумла рӯбучини ҳавливу хона, побел намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ёрӣ расониданд.
Рубрики