Рубрики
Uncategorized

Ашт: Ташрифи гурӯҳи кории ДДҲБСТ ба қисмҳои низоми

Нимаи дуюми санаи 15-феврали соли ҷори гурӯҳи кории ДДҲБСТ бо роҳбарии ректори ДДҲБСТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мӯъмин Машокир ва инчунин Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шуҳрат, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ, муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳия Мамдҷонов Зафар ва устодони ДДҲБСТ Алимов Ботур Ҳамидович, Саидзода Шуҳрат Шукур бахшида ба 29-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дидорбинӣ ва табрикоти сарбозону афсарони қисмҳои низомии ноҳияи Ашт ташриф оварда, аз бурду боши хизмати сарбозон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардида, ба онҳо китобҳои бадеӣ, шоҳмот, шашка, туб, туҳфаҳои хотиравӣ ва дигар лавозимотҳо аз тарафи ДДҲБСТ тақдим карда шуд. Инчунин барои сарбозон дар ин рӯз дарсатхони идона ороста шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *