Рубрики
Асосӣ Мақола

АШТ: ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ, БАРАКС ЗАМИНБОХТА АСТ.

      Дар ҳақиқат таърихи гузашта нишон додааст, ки халқи бо ору номуси тоҷик ба ҳеҷ як халқу миллат ба назари бад нигоҳ накардааст ё ба ҳамсоягон муносибати бад надошт. Абдуллоҳи Раҳнамо дар мақолаи ҳуд  бо номи “Тоҷикистон кишвари тоҷовузгар нест” ба таври мушаххас таҳлил ва баён кардааст.

 Мо дар тули ҳазорсолаҳо фақат баҳри ҳимояи Ванати хеш мубориза бурдаем. Лек то имрӯз ҳамсоякишвари мо Кирғизистон даъвои заминҳое ҳастанд, ки гуё ба онҳо таълуқ дошта бошад. Дар асл чи хеле, ки рузноманигор кайд кардааст заминҳои Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои мавҷуда ба давлати ҳамсоя ба иҷора дода шудааст. Дар тули мавҷудияти ҳуд давлати тоҷикон аз замони сулолаи Сомониён сар карда,ба хоки ҳамсоякишвар ё давлати дигаре чашми таҷовуз надӯхтааст ва ҳаргиз таҷовузгар набудааст.

         Аз тарафи ҳамсоякишвар, ба сари давлати тоҷикон камоли бемаърифатӣ ва ноогоҳӣ ё худ чашм пӯшидан ба ҳақиқати таърихӣ аст.

        Дар ҳакикат коршинос Абдулло Раҳнамо, ки дар мақолаи худ бо якчанд  далелҳо сохта  будани даъвоҳои ин даъвогарони беҳуҷҷату хасакиро собит кардааст.

          Воқеан, ҳуҷҷат вақте ҳуқуқи қонунӣ мегирад, ки онро бо санаду имзо органҳои олии қонунбарори ҳарду кишвар тасдиқ карда бошад. Ин ҳуҷҷатҳо  маҳз ҳамин гуна ҳуҷҷатҳо мебошанд ва тасдиқи қонунии ҳудро доранд. Аммо, мутаассифона инро ҳамсояҳои  мо фаҳмидан намеҳоҳанд ва ҳудро ба нофаҳмӣ мезананд.

        Замини аҷдодии  худро талаб кардан, соҳиб шудан ба заминҳои аслии  худ ин  магар таҷовуз аст?  Лек ҳамсоякишвари мо қиргизҳо  айнан ҷунин рафтор кардаанд. Бинобар, ин чорводорони иҷоранишин бояд заминҳоро ба соҳибони аслӣ баргардонанд ва адолат барқарор гардад. Дар он сурат ҳақ ба ҳақдор мерасад ва оини ҳамсоягӣ риоя мешавад. Мо умед аз он дорем, ки ин нофаҳмиҳое, ки тули солҳо давом карда истодаасту мардуми бегуноҳро қатл карда истодааст бо роҳҳои гуфтушунид ҳалли ҳудро меёбад ва аньанаи ҳамсоягӣ давом меёбад.

Аъзои фаъоли КИ ҲХДТ ноҳияи Ашт.

Ашуров Ҳушнудҷон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *