Рубрики
Асосӣ

Ашт: Хизмат ба Ватан шараф ва номуси Ватандорист!

          Масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар асоси нақшаи кории кумиҷроияи ноҳиявӣ бо мақсади  ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бо ҷавонон  мулоқоти сарироҳӣ  доир намуданд. 
Дар мулоқот бо ҷавонон мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони кумиҷроияи ноҳиявӣ зикр карданд, ки  хизмат ба Ватан қарзи як шаҳрванд буда,  далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад. Бояд ҷавонон ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода бошанд ва хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷаи худ  донанд. Зеро ҷавонон ҳамеша дар сафи пеш қарор доранд, дар назар аст, ки дар оянда аз онҳо сарбозони шуҷоъ, инсони далер ва ҷасур, ҳимоятгари номии Ватан барояд.
Ҳамчунин, дар мавриди пешгирии ҷавонон ба шомилшавии гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ сухан намуда, ҷавононро ба суи ояндаи фардои дурахшони кишвар, ки аз онҳо вобастагии калон дорад, ҳиссагузор будан дар ободиву шукуфоии ватани азиз ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надодан даъват намуданд.
Дар охир ҷавонон низ бо ифтихор ваъда доданд, пас аз хатми мактаб ба ин мактаби мардонагиву матонат шомил гардида, ҳар як пора хоки Ватани азизро  ҳифз менамоянд.
 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *