Рубрики
Uncategorized

АШТ: Шукри истиқлолу шукри ваҳдат

Шукри истиқлолу шукри ваҳдат, шукри тинҷиву оромии кишвар, шукри Сарвари хирадманду соҳибтоҷи миллат,  ки мардуми тоҷик аз нав боз соҳиби тахту тоҷи хеш, соҳиби миллату давлати куҳанбунёди хеш гардида, имрӯз дар фазои тинҷиву оромии кишвар озодона кору пайкор менамоянд. Боиси ифтихор аст,  ки Истиқлолияти давлатӣ  ягона дастоварди бузургест, ки халқи тоҷик  пас аз пош хӯрдани давлати шӯравӣ ба даст овард.  

Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли 30-сол Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳам иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ ба дастовардҳои бузурге ноил гардида, ба як кишвари пешрафта ва тараққиёфта мубаддал гардид, ки ин ҳама маҳз аз шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Боиси хушнудист, ки Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи Ашт бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили ҳар гуна  чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ аз қабили мизҳои мудаввар, вохӯриву мулоқотҳо, соатҳои сиёсӣ, маҷлисҳои тантанавӣ, озмунҳо, мусобиқаи варзишии футболи хурд барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ, роҳпаймоӣ, қадршиносии собиқадорону занон, ҷавонони фаъоли ҳизб, аёдати оилаҳои ниёзманд, занони яккаву танҳо, собиқадорони ҳизб ва кӯдакони маъюб, ва дигар  чорабинҳоро  бо ҷалби занону бонувон, фаъолону собиқадорони ҳизб ва намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и назди кумиҷроияи ноҳия  бо як шукӯҳу шаҳомати хосае таҷлил ва баргузор намуданд.

 Дар ноҳияи Ашт барои дар сатҳи баланд ҷашни гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *