Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ҷиҳати вусъат бахшидан ва дар сатҳи хуб ба роҳ мондани ҳуҷҷатҳои ташкилотии ибтидоии ҲХДТ дар назди Маркази таълимии касбомӯзии байнимактабии ноҳия санҷиши ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоиро аз назар гузарониданд.
Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки дар ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ камбудиҳое қарор дошт, ки барои бартараф намудани он масъулини кумиҷроия ба котиби ин марказ маслиҳатҳои амалӣ доданд. Инчунин, қайд карданд, ки бояд ҳар як ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзоёни ҲХДТ аз рӯи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ амал намуда, дар пешрафти зиндагии шоистаи мардум ҳиссагузор бошанд.